585 ҳазору 317 сомонӣ ҷарима барои қонуншиканӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ

Дар соли 2024 аз ошхонаи “Тахтача”-и шаҳри Душанбе 578 кг маҳсулоти гӯштӣ – сихкабоб аз қимаи гӯшти гов мусодира карда шудааст, ки зимни ташхис дар он бактерияҳои касалиовари салмонелла ва протей ошкор гардидаанд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини дуюми раиси кумита Мустафо Муъминзода иттиллоъ дод.

Ҳамчунин дар идомаи нишаст, ки дирӯз 29-уми январ баргузор гардид, муовини аввали раиси ниҳоди мазкур Маҳмуд Ширинҷонзода изҳор дошт, ки дар соли 2024 барои риоя накардани талаботи зотпарварӣ нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 9 парвандаи маъмурӣ боз шуда, онҳо ба маблағи 12 ҳазору 960 сомонӣ ҷарима карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ дар умум, дар соли 2024 барои қонуншиканӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ нисбати 2804 нафар парвандаи маъмурӣ боз гардида, дар маҷмуъ онҳо ба маблағи 585 ҳазору 317 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Рустам Зоирзода
радиои “Тоҷикистон”