Имрўз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили шеъру адаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар маҳфил шоирону нависандагон ва намояндагони аҳли фарҳанги ду давлат – Тоҷикистон ва Эрон иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон ва Эрон ду мамлакати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию мероси муштарак мебошанд. Дар ин мањфил Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Солеҳии Амирӣ бо ањли фарњанги ду давлат иштирок намуда изҳор намуд, ки Тоҷикистон ва Эрон бо мутафаккирони илму адаби оламшумули худ тавонистаанд дар ҷаҳон шинохта шаванд. Ин фарҳангу таърихи бойи ду миллат то имрӯз пойбарҷо буда, сол то сол густариш меёбад.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар назар аст, ки имрӯз меҳмонони барномаи фарҳангӣ ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» рафта, бо осори таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд.
Гулрӯ Ниёзова
радиои “Тоҷикистон”