Рақибони дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозиҳои санҷишӣ муайян шуданд

Наврасони то 17-солаи тоҷик, ки дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия қарор доранд, имрӯз 15-уми январ дар бозии аввал бо дастаи «Манавгат Беледиеспор»-и Туркия (U-19) дидор мекунанд. Пасон шогирдони Марко Раҷинӣ санаи 17-уми моҳи мазкур бо тими «Шахтёр»-и Украина (U-19) рақобат мекунад. Рақиби сеюми наврасони 17-солаи тоҷик, тими наврасони Қувайт (U-17) хоҳад буд, ки ин вохӯрӣ 21-ум январ сурат мегирад. Дар ин бора аз Федератсия футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар доданд.

Дар бозии ниҳоии санҷишӣ бошад, санаи 23 январ футболбозони навраси тоҷик бо бозигарони 17-солаи «Краснодар» бозӣ анҷом хоҳанд дод. Тавре ФФТ иттиллоъ додааст ҳамаи рақобатҳо дар шаҳри Анталия баргузор мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки бозиҳои санҷишӣ дар Туркия, марҳилаи омодагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Рустам Зоирзода,
радиои “Тоҷикистон”