Баргузории нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон бо ширкати беш аз 300 нафар соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид.

Нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эронро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар Султон Раҳимзода ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки имрӯзҳо муносибатҳои сиёсии иқтисодии ду кишвари дӯсту бародар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ин бори дигар аз рушди ҳамкориҳои ду мамлакати дӯсту бародар дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ гувоҳӣ медиҳад. Алоқамандиву равобити боз ҳам зичтари соҳибкорон, тоҷирон ва бахши иқтисодӣ метавонад, ки муносибатҳои сиёсии ду кишваро боз ҳам тақвияту тақким бахшад.

Вазири мероси фарҳанги гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Солеҳи Амирӣ аснои суханронии хеш қайд намуд, ки имрӯз равобити байни ду давлат дар самти иқтисодиёту сармоягузорӣ ва фарҳангӣ хуб ба роҳ монда шудааст, ва мо тасмим дорем дар оянда равобити гардишгариро ба роҳ монем. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумти кишвар Ҷамшед Ҷӯрахонзода бо ёдоварӣ аз рушди сайёҳӣ иброз дошт, ки самти сайёҳӣ ин яке аз самтҳои муҳим барои ҳар як кишвар маҳсуб меёбад, зеро рушди ин соҳаи афзалиятнок ба тамоми самтҳои дигар, аз ҷумла бахши иқтисодиёт, таъсири мусбат расонад. Ҳамин аст, ки имрӯз имконоти гардишгарӣ миёни ду кишвар Тоҷикитсону Эрон бениҳоят зиёд буда, дар ин самт қадамҳои муҳиме ба роҳ монда шудааст.

Инчунин дар рафти нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиш муаррифии иқтидор ва имконоти сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузории ду кишвар буд. Иштирокчиёни ҳамоиш ба мувофика расиданд, ки чунин чорабиниҳоро мунтазам баргузор намуда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва амиқтар шудани ҳамкориҳои соҳибкорию сармоягузорӣ мусоидат намоянд.

Дар анҷоми ҳамоиши мазкур ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои густурда дар самти фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ ва гардишгарӣ маросими ба имзо расонии як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.

Олуфта Шарипова,

радиои “Тоҷикистон”