Дар Суғд ба маблағи 30,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст

Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 30,3 миллиард сомонӣ расонида шуда афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 120,1 фоиз таъмин гардидааст. 

Ба иттилои сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли 2024 ба миқдори 424,5 ҳазор тонна орд, 5563,1 тонна равғани растанӣ, 7925,2 тонна маҳсулоти макаронӣ, 62,8 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 48,6 млн. қуттии шартии консерваҳои гуногун, 18,1 млн. декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли орд 142,4 фоиз, равғани растанӣ 101,3 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 108,3 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 104,9 фоиз, консерваҳо 133,9 фоиз ва нӯшокиҳо 125,3 фоизро ташкил дод. Ҳамчунин 1,9 млн. тонна ангишт истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2023 суръати афзоиш 127,6 фоиз таъмин гардид.  

Ба иттилои манбаъ, дар вилоят 1229 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1192 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият доранд.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар соли 2024-ум 166 корхонаву коргоҳи нав бо 2060 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст.