САРБОЗИ ВАТАН, САРИ БАЛАНДИ МЕҲАН!

Бо даъват гардидан ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷавонписарон муҳлати пешбинигардидаи хизмати ҳатмии ҳарбиро дар қисму воҳидҳои низомӣ пеш бурда, дар давраи хизмат вобаста ба маҳалли пешбурди хизмати ҳарбӣ ва таъйиноту уҳдадориҳои хизматии хеш ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Сарбозони шуҷоъу тавонои Ватан, ки дар яке аз минтақаҳои дурдасту баландкӯҳи кишвар хизмат менамоянд, зарур аст, нозукиҳои аслиҳаи вобаста шуда ба худ, техникаву силоҳҳои ҷангии истифодашаванда дар шароити кӯҳистон ва пеш аз ҳама нозукиҳои хизмат дар манотиқи кӯҳиро аз худ намоянд. Зеро, хизмати ҳарбӣ дар шароити кӯҳистон нозукиву талаботи хоси худро дорад ва он аз ҳар як афсару сарбоз омодагии комил ва истифодаи моҳиронаи таҷҳизоти кӯҳнавардиро талаб менамояд.

Десантчиён ин гуна амалҳоро дар шароити гуногун иҷро мекунанд, дар ҷойе лозим аст бо банд фуруд меоянд, дар ҷойи дигар бо ҷаҳиш аз чархболҳо ва ҳатто бо фурудоӣ аз парашут дар баландиҳои гуногун, то ки вазифаҳои дар ақибгоҳи душман бар уҳдадоштаро муваффақона иҷро намоянд.

Ин аст, ки зимни машғулиятҳои рӯзмарраи таълимӣ сарбозон натанҳо гузаштани дарё ва монеаҳои ҷойдошта бо банд, балки тарзу усусли ташкили амалиёти тактикӣ дар шароити гуногуни кӯҳиро нишон доданд.

Агарчӣ, сарбозон бо ёрии афсарони масъул нозукиҳои кӯҳнавардиро бо истифода аз таҷҳизоти махсуси соҳавӣ аз худ мекарданд, гурӯҳи дигари сарбозони даъвати тирамоҳии соли ҷорӣ бошанд аз рӯйи уҳдадориҳои хеш хусусиятҳои техникиву тактикии як навъ дастгоҳи ҷуфткардашудаи зинетиро меомӯхтанд.

Дастгоҳи ҷуфткардашудаи зинетӣ ҳанӯз аз солҳои 60-уми қарни гузашта дар Артиши Шӯравӣ истифода мешуд. Он то ҳол аҳамияти истифодабарии худро гум накардаву дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дорад. Он асосан барои мубориза бо ҳавопаймоҳои пастпарвози душман, торумор намудани тирандозон, яъне аскарони пиёданизом, хандақҳои саҳроӣ, автомобилҳо, мошинҳои зиреҳпӯш, техникаи танкӣ ва аслиҳа фаъолона истифода мешавад. Тӯпи мазкур ҳангоми зарба нобуд кардани ҳадафҳои ба чашм намоёни ҳавоӣ ва заминӣ, инчунин ҳайати шахсии душманро дар минтақа дар масофаи то 2500 метр ва баланди то 1500 метр таъмин мекунад.

Сарбозони дигари ин қисми ҳарбӣ бошанд нахустрӯзҳои хизмати масъулиятноки худро дар ҳайати гурӯҳи чорабиниҳои махсуси ин қисми ҳарбӣ пеш бурда, муҳорибаҳои омехтаи ҳимоя аз задухӯрдҳои тан ба танро аз худ намудаанд ва пайваста ба машқу тамрин дар ин самт фаро гирифта мешаванд.

Афсарони ҷавон сарбозонро бо усулҳои шарқӣ ва аз рӯйи барномаҳои махсуси таълимӣ ба омӯзиш фаро гирифта, аҳамияти онро меомӯзонанд. Дар муддати муайяни таълимӣ онҳоро барои ҳимояи худ аз чунин муҳорибаҳо омода менамоянд. Яъне, интихоб ва ҷалби сарбозон ба ин ҳайат низ тибқи талабот ва дар асоси меъёрҳои тактикиву варзишӣ роҳандозӣ карда мешавад. Зеро, он аз ҳар як иштирокчии муҳориба пеш аз ҳама чусту чолокӣ, дасту бозӯи қавӣ ва дигар хусусиятҳои хоси десантро талаб менамояд, ки он бояд санҷидашуда ва амалан такмилёфта бошад.

Мутахассисони хурди низомӣ вазифаҳои хизматӣ, роҳу воситаҳои ташкили амалиёт ва ҳама гуна муҳорибаҳои ҳарбиро хуб аз худ намудаанд ва барои иҷрои ҳама амру супоришҳо доимо омода мебошанд.

Воқеан, сатҳи баланди касбии ҳайати шахсии ин қисми ҳарбӣ аз шароиту имкониятҳои хуби хизматӣ дарак медиҳад, ки дар заминаи дастигириву таваҷҷӯҳи пайвастагии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ дар ин қисми низомии минтақаи дурдасту баландкӯҳи кишвар фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, бинои хобгоҳи сарбозон, ки бо тарҳу услуби замонавӣ бунёд гардидааст, аз утоқҳои корӣ, хонаҳои фароғативу маишӣ ва аз дигар нуқтаҳои зарурии хизматӣ иборат аст. Бинои мазкур ва утоқҳои дохили он бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, пурра бо гармӣ таъмин мебошад.

Дар баробари таъмин будан бо шароити хуби хизматӣ ва пеш бурдани хизмати масъулиятноки низомӣ дар ин минтақаи баландкӯҳи ҷумҳурӣ, қисми ҳарбӣ пурра барои гузаронидани давраи зимистони дар пешистода омода мебошад.

Дар воқеъ, қайд кардан ба маврид аст, ки шароиту имкониятҳои хизматие, ки имрӯз дар сафи ҷузъу томи Артиши миллӣ фароҳам оварда шудааст, ба ҷавонони сарбози диёр имкони хуб аст, то ки донишу малакаи худро такмил дода, дар ин мактаби таълиму тарбияи ҳаёт сабақи бузурги мардонагӣ ва ватандориву хештаншиносӣ гиранд.

Агарчӣ дар боло аз рафти фаъолияти рӯзмарра, раванди машғулиятҳои таълимии соҳавӣ, омӯзиши нозукиҳои аслиҳаву техникаҳои ҷангӣ дар шароити кӯҳистон гуфтем, ҳамакнун доир ба рӯзҳои истироҳативу лаҳзаҳои фароғатии сарбозон бошад қайд кардан ба маврид аст, ки он як самти фаъолияти асосии хизматчиёни ҳарбӣ маҳсуб меёбад ва пайваста бо ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ сипарӣ мегардад ва ҳатто дар ин рӯзҳо сарбозони соҳибзавқу ҳунарманд бо сароидани суруду навозиши мусиқӣ табъи ҳамхизматони хешро болида мегардонанд.

Боқӣ ШАРИФӢ,

Радиои “Тоҷикистон”