Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» (“Dushanbe Invest Forum-2025”) баргузор гардид. Форум то 16 октябри соли равон идома карда, дар доираи он соҳибкорону сармоягузорон ва мақомотҳои қудратии дохилӣ, инчунин намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, масъалаҳои рушди устувори иқтисодро тавассути лоиҳаҳои сабз, иқтисоди рақамӣ ва моделҳои муосири рушди саноатиро баррасӣ менамоянд.
Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» дар ду сол як маротиба бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МИҲД шаҳри Душанбе ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар ташкил гардида, он платформаи муҳим барои муаррифии иқтидори сармоягузории Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ мебошад. Тавре Султон Раҳимзода раиси Кумитаи Сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни суҳбат ба гуфт, дар форум зиёда аз 1500 намоянда аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок доранд, ки ин на танҳо имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, инчунин дар минтақаро низ ба вуҷуд меорад.
Балган Кузнецов намояндаи ширкати Консалтинг зимни суҳбат ба мо гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон муассисаҳои молиявӣ зиёд гардидааст, ва муомилоти пулӣ ҳам хеле назаррас аст, аз ин хотир мо мехоҳем, ки ҳамкориҳоро бо ҷониби Тоҷикистон дар бахши бонкдорӣ ва технологияи молиявӣ ба роҳ монем.
Бояд гуфт, ки дар доираи кори Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзуӣ ва ҷаласаҳои махсус доир гардида, масъалаҳои муҳими марбут ба энергияи барқароршаванда, молия, рушди сайёҳии экологӣ, рақамисозии иқтисод, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва хизматрасониҳои электронии нав муҳокима мегарданд. Дар Форум якчанд ёддошт ва созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо мерасад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»