Имрӯз, дар бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович муқобили тими миллии Малдив ғалаб ба даст овард.
Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи миллии Мале доир гардида, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи милипушони мо ба анҷом расид. Дар дақиқаи 4-уми бозӣ Манучеҳр Сафаров бо задани гол ҳисоби бозиро кушод. Сипас дар дақиқаи 34-уми бозӣ Шервонӣ Мабатшоев голи дуюми дастаро ба самар расонид. Дар қисмати аввали бозӣ ҷараёни бештари бозиро бозингарони дастаи мо идора намуданд. Гарчанде, ки аз ҷониби футболбозони тими миллии Малдив ячанд ҳуҷуми хатарнок сурат гирифта бошад ҳам, аммо бидуни натиҷа. Аз ҷумла дар дақиқаи 24-ум ҳамлагари дастаи Малдив Аҳмад Айҳам бо як маҳорати хуб чандин бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистонро гузашта, ба самти дарвоза зарба зад. Ғайр аз ин чандин ҳолати дигар низ буд, ки бозингарони мизбон тавонистанд хати марказиро убур намуда, ҷониби дарвозаи мо зарба зананд, вале дарвозабон ба муқобили ҳариф вокуниши саривақти нишон дода, зарбаҳоро бартараф намуд. Бо ҳамин қисмати аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи миллипушонӣ мо ба анҷом расид.
Дар дақиқаҳои аввали бозӣ дастаи мунтахаби Малдив якчанд аксуламали хатарнгок нишон дод. Дар дақиқи 78-ум бошад Шервонӣ Мабадшоев бо дубли намудааш ҳисоби бозиро 3:0 намуда, пирузии ҳамдастаҳояшро таъмин намуд. Бо ҳамин натиҷа бозӣ ба анҷом расид. Акнун дар гурӯҳ Филиппин ва Тоҷикистон бо касби 10 имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои якум ва дуюм мебошанд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва Малдив бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахабҳои Тоҷикистон, Тимори Шарқӣ, Малдив ва Филиппин шомил мебошанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» дар меҳмонӣ бо Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад. Ин дидор 18 ноябр дар шаҳри Дарвини Австралия баргузор мешавад.