Вохӯрии гурӯҳи кории байниидоравӣ роҷеъ ба баргузории тадқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ оид ба дарки ҷомеа дар бораи коррупсия

6 январи соли 2025 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи кории байниидоравӣ роҷеъ ба баргузории тадқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ оид ба дарки ҷомеа дар бораи коррупсия бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифааст.

Ба иттилои сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинӣ аз тарафи муовини якуми директори Агентӣ – Расулӣ Барот ҳусни оғоз бахшида шуда, таъкид гардид, ки яке аз роҳҳои асосии баҳодиҳии сатҳи коррупсия дар соҳаҳои муайян, ин баргузор намудани тадқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ арзёбӣ мегардад. Зеро муайян намудани ҳолати воқеии мавҷудияти коррупсия дар ин ва ё он соҳа имконият медиҳад, ки роҳҳои нав ва самарабахши муқовимат ба коррупсия коркард ва роҳандозӣ карда шаванд.

Бо ин мақсад, лоиҳаи Методика ва саволномаи тадқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ оид ба дарки ҷомеа дар бораи коррупсия ба муҳокимаи Гурӯҳи кории мазкур манзур карда шуда, коршиносон фикру андешаҳои худро роҷеъ ба он пешниҳод намуданд.