7-уми январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтори он дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, роҳбарияти раёсат ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтори раёсати мазкур иштирок намуданд.
Тавре Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа фаъолияти раёсати номбурда ва муассисаҳои зерсохтори он дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуд.
Аз ҷумла дар ҷаласа таваҷҷӯҳи бештар ба масъалаҳои муҳими соҳаи санитарию эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа зоҳир карда шуд.
Махсусан, дар ҷаласаи мазкур таъкид гардид, ки масъулини соҳаи санитарию эпидемиологии кишварро зарур аст, ки корбариро дар ин самт ҷоннок намуда, баҳри саривақт ошкор ва бартараф намудани қонуншиканиҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Пас аз таҳлилу баррасии вазъи соҳа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла пешгирии бемориҳои сироятӣ ба масъулин супориш дода шуд, ки дар ин самт чораҳои мушаххас андешанд ва фаъолиятро аз пештара бештар пурзӯр намоянд.