Дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,даъвати шашум Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Tilemaster investment Limited» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ-ороишӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ин иҷлосия рӯзи 2 январи соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардида буд.
Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст, мақсад аз татбиқи созишномаи мазкур ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ барои ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти нави воридивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад.
Тибқи созишнома ҳаҷми умумии сармоягузории барои татбиқи лоиҳаи пешбинишуда беш аз 50 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, муҳлати сохтмони корхона 18 моҳро бо иқтидори истеҳсолии 12 360 000 метри квадратӣ дар як сол дар бар мегирад.
Пас аз ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудани корхона зиёда аз 500 ҷойи кори доимӣ ва 1000 ҷойи кории ғайримустақим (сохтмон, таъминоти ашёи хом ва боркашонии маҳсулоти ниҳоӣ) таъсис дода мешавад, ки дар марҳилаи аввал на кам аз 80 фоизи онҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Дар иҷлосия аз рӯйи масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шудааст.