«Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» бо мақсади иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2021, №168 «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва аз 01.03.2023, №54 «Дар бораи Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030» бо назардошти муҳимияти соҳаи механиконии кишоварзӣ дар ҳалли мушкилотҳои соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои замин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини рушди устувор ва таъсиси низоми ба тағийрёбии иқлим тобовар ва ташаккули рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ дар шароити муосир бо истифода аз техника ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ ҷиҳати ташаккули равандҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ, таҳия ва қабул гардидааст.
Тавре Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медищад, барнома дар асоси талаботҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, инъикоскунандаи дурнамои умумии истифодаи техника ва мошинолотҳои кишоварзии муосир (инноватсионӣ) бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи рушди устувори дарозмуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, ба таври назаррас паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои асосӣ – таъмини амнияти ғизоӣ мебошад. Ҷорӣ намудани раванди механиконидашудаи чорабиниҳои агротехникии парвариши растаниҳо ва чорводории муосири кишоварзӣ, аз ҷумла бо роҳи инноватсия, истифодаи техника ва мошинолотҳои муштараки кишоварзӣ, ки метавонад як қатор амалиётҳои агротехнологиро дар як вақт иҷро ва инчунин муаммоҳои соҳаро ҳаллу фасл намояд. Татбиқи Барнома заминаи асосии рушди устувори соҳаи механиконии кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ рушди соҳаҳои кишоварзии мамлакат мебошад.
Ба иттилои манбаъ, рушди соҳаи механиконии кишоварзӣ ё ин ки баланд бардоштани сатҳи таъминоти хоҷагиҳо бо техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ дар баланд бардоштани ҳосилхезии замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, афзун намудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақши муҳим ва ҳалкунандаро мебозад.
Рушди босуръати соҳаи кишоварзӣ бо истифодаи техникаю мошинолотҳо, технологияи муосир дар коркарди хок ва дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ вобастагии ногусастанӣ дорад.