Таҳияи тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе

Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе таҳия гардида, дар мувофиқаи сохторҳои дахлдори шаҳрӣ қарор дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар додааст.

Ҳамзамон видеонавори рекламавӣ оид ба баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ омода гардида, барои инъикоси васеъ тавассути воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ пешниҳод мегардад.

Таҳияи роликҳо бо забонҳои чинӣ ва арабӣ дар ҷараёни коркард қарор дорад.

Баъд аз раванди мувофиқасозӣ Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дастраси ширкатҳои сайёҳӣ гардонида шуда, бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва ба фурӯш бароварда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз қабили корвони шодиёнаи наврӯзӣ, барномаи рангини театрӣ, Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе», барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ», мусобиқаҳои кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд.

Ин ҳама иқтидори фарҳангии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг менамояд.