Баргузории ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ

25 декабри соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбари муовини якуми Вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Тақвияти иқтидори сайёҳии ҷумҳурӣ ва ташкили дурусти тарғибу ташвиқ барои имкониятҳои рушди соҳа» баргузор гардидааст.

Тавре сомонаи ин Вазорат хабар медиҳад, дар доираи ҷаласаи мазкур гузориши муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Зиёдулло ва намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар соли 2024 дар доираи Ситоди мазкур 5 ҷаласа бо мавзуъҳои афзалиятноки кишвар баргузор гардида, аз натиҷаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ирсол шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шудааст.