20-сол қабл, 26 декабри соли 2004 дар уқёнуси Ҳинд, сунамии шадид ба амал омада, боиси ҳалокати беш аз 220 000 нафар гардид ва зиёда аз 2 млн нафар бесарпаноҳ мондад. Ин офати табиии харобиовар ба 15 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Индонезия, Шри-Ланка, Ҳиндустон ва Таиланд хисороти ҷиддӣ расонид.
Тибқи маълумоти СММ, тақрибан 700 миллион нафар дар саросари ҷаҳон дар минтақаҳои осебпазир аз хатари сунами қарор доранд. Эҳтимол ин шумора то соли 2050 ба як миллиард расад. Коршиносон иброз медоранд, ки дар 80 дарсади ҳолатҳо сунами дар натиҷаи зилзилаҳо ва фаъолшавии вулканҳои зериобӣ ба амал меояд.
Тибқи гузориши СММ, аксаран сунамҳои хатарбору марговар дар уқёнуси Ором рух медиҳанд ва ба сокинони минтақаҳои Амрикои Ҷанубӣ, аз ҷумла Чили ва Перу таҳдид мекунанд. Моҳи ноябри соли ҷорӣ як гурӯҳи коршиносон барномаи ЮНЕСКО-ро оид ба омодагӣ аз хатари сунамӣ то соли 2030 таҳия намуданд. Тибқи барномаи мазкур ба ҳама сокинони минтақаҳои дар зери хатари сунамӣ қарордошта омӯзиш гузаронида мешавад.
Алаккай аз ҷониби муҳандисон ва олимон дар 32 кишвари осебпазир таҷизоти компютерӣ насб карда шудааст, ки он тавассути зеҳни сунъӣ идора карда мешавад ва сокинонро аз офатҳои табиӣ махсусан сар задани сунамӣ огоҳ мекунад.