Ҳавопаймои ширкати ҳавоии Озарбойҷон, ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард. Дар ҳавопаймо 67 нафар буданд. Ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон, 38 нафар ба ҳалокат расиданд. Боқимонда ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд. Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Қазоқистон сабабҳои эҳтимолии садама бархӯрд бо селаи паррандагон ва корношоямии фаннӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳавопаймои Embraer E190AR ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон (AZAL) аз Боку соати 07:55 ба вақти маҳаллӣ бо парвози AHY8243 ба Грозний парвоз кард. Тавре ТАСС бо истинод ба фурудгоҳи Грозний хабар медиҳад, бар асари туман парвози ҳавопаймо ба Маҳачқалъа ва сипас ба Актау равона шудааст.Ҳавопаймо чанд километр дуртар аз фурудгоҳи Қазоқистон суқут кардааст. Бар асари бархӯрд сӯхтор сар зад, ки ба зудӣ хомӯш карда шуд.Тибқи иттилои ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон, дар ҳавопаймо 67 нафар, аз ҷумла панҷ ҳайати сарнишин буданд. Ширкати ҳавопаймоӣ рӯйхати мусофиронро бо ному насаб нашр кардааст. Ба иттилои Вазири нақлиёти Қазоқистон Марат Қарабоев се узви ҳайати сарнишин зинда монда, ду нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд.
Дар робита ба ин ҳодиса дар Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ҳукумат барои таҳқиқи сабабҳои суқути ҳавопаймо комиссия таъсис додааст. Кумитаи тафтишоти Русия низ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев иштироки худро аз нишасти ғайрирасмии кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург қатъ кард ва пас аз гузоришҳо дар бораи суқути ҳавопаймо ба Боку баргашт.