Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон

Дирӯз, 4 декабри соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Пажӯҳишгоҳи тиббӣ бунёдӣ”- и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни фаъоли ҳизб ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия иштирок намуданд.

Пас аз суханрониҳо бахшида ба ҷашни 30-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демокрактии Тоҷикистон ғолибони даври ноҳиявии озмун аз рӯйи номинатсияи “Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ”, “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”, “Беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ”, “Беҳтарин вакил”, “Беҳтарин таблиғотчӣ”, “Беҳтарин хабарнигор”, “Беҳтарин корманд”, инчунин “Хонаи беҳтарин”, “Кӯчаи беҳтарин”, “Маҳаллаи беҳтарин”, “Боғи беҳтарин”, “Гулгашти беҳтарин”, “Майдончаи варзишии беҳтарин”, дар фазои тантанавӣ бо Диплом ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Муҷиддини САЙФИДДИН,
радиои “Тоҷикистон”