“Ҷашни Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид

Зимни ҷаласа номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон “Ҷашни Меҳргон” ва ҳамчунин номинаи дигари муштараки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Эътирофи ин унсур аҳамияти фарҳангии санъати мусиқии суннатии чор кишварро таъкид мекунад.

Дар ин бора сомонаи ВКХ хабар дода, менависад, ки 4 декабри соли 2024 дар шаҳри Асунсиони Ҷумҳурии Парагвай иҷлоси 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО идома дорад. Чорабинии мазкур то 7 декабри соли 2024 идома ёфта, дар он намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд. 

Дар таҳияи ҳуҷҷатҳои парвандаи “Ҷашни Меҳргон” олимони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданд.

Ин натиҷаи ташаббусу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши фарҳанг мебошад, ки фарҳанги ғании миллати тоҷик ҷовидона мегардонад.

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, маҳз бо туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аз нав эҳё гардид ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллӣ дар кишварамон таҷлил карда мешавад.