Баргузории ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ

Имрӯз дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – марти соли 2024, ” Дар бораи сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисод ва  иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024- 2025″ баргузор гардид, ки дар он омодагии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ба зимистонузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре ҳамкорамон О. Шарипова аз рафти баргузории ҷаласаи мазкур иттилоъ дод,  ҷаласа таҳти раисии муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Ситод Усмоналӣ Усмонзода сурат гирифт. Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ- аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ тариқи ҳузурӣ ва роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сухт, захираи маводи озуқаворӣ ва зидилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.  Дар ҷамбаъсти ҷаласа аз ҷониби Муовини Сарвазири кишвар раиси Ситод  Усмоналӣ Усмонзода ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 супоришҳои мушаххас дода шуд.