Имрӯз – Рӯзи кормандони кишоварзӣ ва коркарди маҳсулот. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳим баҳри расидан ба амнияти озуқаворӣ


Яке аз ҳадафҳои стратегии ҶТ, таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз ҷониби роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Яке аз омилҳои муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар ин пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ муайян шудааст. Махсусан, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои асосӣ дар шароити имрӯза буда, аз рушди соҳаи кишоварзӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ вобастагӣ дорад. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини амнияти озуқавории мамлакат мебошад».
Имрӯз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ низ ба он равона карда шудааст, ки ҳар порча замин ва рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода карда шуда, маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд бардошта шаванд. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истењсолоти кишоварзӣ ва амалигардонии фармону супоришњои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Вазорати кишоварзӣ чандин қонуну қарорҳо ва барномаҳои мақсаднокеро оид ба рушди кишоварзӣ қабул кардаанд ва амалигардонии онҳо то ҳоло идома доранд.
Солҳои охир тағйирёбии шароити агроиқлимӣ ба таври назаррас мушоҳида мегардад, ки ба рушду нумуъ, маҳсулнокӣ ва сифати ҳосили зироатҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Устувории навъҳо ба касалию ҳашароти зараррасон паст мегарданд. Аз тарафи дигар норасоии нуриҳои органикӣ ва нуриҳои минералӣ боиси паст шудани ҳосилхезии хок ва шуршавии заминҳои корам гашта истодааст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, рафти шудгор ва кишти тирамоҳию барвақтии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ бо маром идома дорад. Аз ҷумла аз аввали мавсими дар майдони 73764 гектар шудгор иҷро гардида, дар майдони 44656 гектар кишт гузаронида шуд. Ғалладонагиҳо 34597 гектар, гандум 30461 гектар ва ҷав 4136 гектар мебошад. Инчунин кишти сабзавоти барвақтӣ дар майдони 9402 гектар кишт карда шуд. Аз он пиёзи барвақтӣ 7679 гектар, сабзии барвақтӣ 1241 гектар, карами барвақтӣ 472 гектар ва дигар сабзавотҳои барвақтӣ 667 гектар майдон кишт карда шуд.

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 25.10.2024 дар майдони 306966 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст. Аз аввали мавсим майдони 304492 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосили умумӣ 938696 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 30,9 сентнерро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ҳоло аз ҷониби кишоварзони ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дорад. Мувофиқи маълумотҳо дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта 174979 гектарро ташкил дода, тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ аз аввали мавсим ба ҳолати 25.10.2024 172768 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Бино ба иттилои вазорати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 37613 гектар картошка кишт карда шудааст, ки то ба ҳол аз ин шумора майдони ҷамъоваришуда 32699 гектар буда, ҳосили умумӣ 778992 тоннаро ташкил медиҳад.