Меҳргон яке ҷашнҳои тоҷикон аст, ки таърихи қадима дорад. Ҷашни Меҳргонро рамзи ҷамъовари ҳосили деҳқон меноманд. Аз ин рӯ Меҳргон ҷашни кишоварзон мебошад. Ин матлабро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни ифтитоҳи Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе баён намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Иброз гардид, ки бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни суннатии мо – Меҳргон расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки 4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Меҳргон» расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Дар таҳияи ҳуҷҷатҳои парвандаи «Ҷашни Меҳргон» олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданд.
Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аз нав эҳё гардид ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллӣ дар мамлакат таҷлил карда мешавад.
Дар ин рӯз ҳамчунин «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал», «Иди себ ва ангур», «Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ» ва «Иди тарбуз, харбуза ва каду» баргузор гардиданд.
Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат бо манора ва ороиши махсус навъҳои гуногуни зироат, меваю сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор, каду ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намудаанд, ки бори дигар сарзамини неъматофарин будани Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Ҳадаф аз баргузории ҷашни ҳосилот тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва баҳра бурдан аз таҷрибаи деҳқонон аст.
Ба андешаи олимони соҳаи кишоварзӣ, Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон, ки ҷашнҳои асосии мардуми ориёитаборанд, бар асоси тақвимҳои нуҷумиву мардумӣ ва мавсими фарорасӣ аз ҳамдигар тафовут доранд, вале моҳиятан ба таври муштарак гардиши солро ифода мекунанд. Агар Наврӯз эътидоли баҳорӣ бошад, Меҳргон эътидоли тирамоҳист. Дар соҳаи кишоварзӣ ниёгони мо ду давраи асосии марбут ба кори деҳқонон – кишти баҳорӣ ва ҳосилғундорӣ доштанд, ки мувофиқан бо ду ҷашни бузург – Наврӯзу Меҳргон ҳамроҳ буд.
Меҳргон ҷашни пайвандгари аҳду паймон, дӯстию рафоқату меҳр ба инсон аст. Ҷашни ҷамъоварии ҳосил ва натиҷаи заҳмати пурбор аст.
Дар фарҷоми Иди Меҳргон аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба кишоварзони фаъоли ҷумҳурӣ барои пешниҳоди маҳсулоти хушсифат ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ аз рӯи номинатсияҳо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.