Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони хуршедӣ, ки рӯзгори сокинонаш аз хурӯши дарёҳои мусаффо ва киштаҳои сабзу қуллаҳои сарбаафлокаш ибтидо мегирад, ҳунарҳои қадима низ эҳё гардида рушд меёбанд. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар марказҳои ҳунаромӯзӣ ва колеҷу омӯзишгоҳои ҳунарҳои мардумӣ дарҳои худро ба рӯйи ҷавонони саодатманд боз намуданд. Боиси ифтихору фараҳмандист, ки бархе аз ҷавонон дар баробари маълумоти олӣ гирифтан ба ҳунарҳои аҷдодӣ низ таваҷҷуҳ ва муҳаббати беандоза доранд.
Ҳумайро Ҳалимова зодаи даврони Истиқлол ва хатмкардаи факултаи таъриху дипломатияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикиситон аст. Шӯълаи муҳаббате, ки аз овони наврасиаш нисбат ба ҳунари заргарӣ дар қалбаш фурӯзон буд, билохира аланга заду Ҳумайроро ба дунёи нопайдоканори ҳунар ворид намуд. Заргарӣ барои Ҳумайро шуғли дӯстдошта аст ва ӯ шукрона мекунад, ки дар Тоҷикистони озоду ободу осуда бо илҳоми дучанд эҷод мекунад.
Ҳумайро Ҳалимова ифтихор аз он дорад, ки дар мактаби таҷрибаи бою истеъдоди баланди устодаш заргари шинохтаи ҷумҳурӣ Дилмурод Шарифов нозукиҳои ин ҳунари қадимаро омӯхтааст. Заргарӣ, ки паҳлӯҳои нозуки худро дорад аз шахси ҳунарманд шавқу завқ, сабру таҳаммул ва иродаи мустаҳкамро талаб мекунад. Барои заргари асил назари зебо доштан ҳам муҳим аст. Ҳумайро ҳар як эҷодашро бо муҳаббату эҳтиром омода мекунад.
Ҳумайро Ҳалимова. Ба эъҷози дастони ин гулдухтари ҳунарманд менигарему куҳҳои ганҷдори Тоҷикистони азизро мебинем. Мебинем, ки резасангонаш миёни панҷаҳои нозуки ин духтари заргар шакл мегиранду ба нигини ҳалқаву ангуштарин ва дастпонаву гарданбанд табдил меёбанд.
Ҳумайро бар он назар аст, ки ҳунар сарҳад надорад ва ҳунарманди асил бояд ҳамеша пайи эҷод бошаду офаридаҳояш мақбули ҳамагон. Эъҷози дастони Ҳумайро бештар таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Онҳо бо офаридаҳои ин духтари ҳунарманд тавассути интернет-мағоза дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошно шуда, ороишоти дилхоҳашонро фармоиш медиҳанд.
Ҳумайро ҳамчун як духтари донишманду ҳунарманд муваффақиятҳои кору эҷодашро дар сулҳу субот ва оромиву осудагии Тоҷикистони соҳибистиқлол медонад. Дар як муддати кӯтоҳ, пеши чашмони мо, бо сеҳри дастони ин духтари заргар ангуштарини зебое омода гардида соҳиби хешро интизор аст.
Холбегим Давлатзода,
радиои “Тоҷикистон”