СММ: Соли 2024 гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳои метреологӣ хоҳад буд


Ба андешаи коршиносон соли 2024 гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳои метреологӣ хоҳад буд. Ҳарорати миёнаи сайёра аз сатҳи пеш аз саноатӣ бештар аз 1,5 дараҷа баланд гардидааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми 12 моҳи охир ҳарорати чаҳон назар ба солҳои 1850—1900 1,62 дараҷа баланд буд.

Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ ҳаҷми партовҳои гази гулхзонаӣ ва моддаҳои зарарнок дар атмосфера ба сатҳи рекордӣ расидааст. Аз ҷумла ҳаҷми партовҳои гази карбон нисбат ба давраи пеш аз саноатӣ ду маротиба афзоиш ёфтааст. Ба андешаи олимону коршиносон самараноктарин роҳи пешгирӣ аз тағирёбии иқлим коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ аст.