Рӯзи 12 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид.
Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар саммити 29-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим мавриди барассӣ қарор мегирад, ин даст кашидан аз сӯзишвории истихроҷшуда ва афзоиш додани иқтидори барқароршавандаи энергия мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар конфронси иқлими соли гузашта кишварҳо дар мавриди даст кашидан аз сӯзишвории истихроҷшуда ба тавофуқ расида буданд, аммо аз он замон ба ин сӯ истифода ва фурӯши онҳо афзоиш ёфта ва дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла ИМА ва Озарбойҷон истихроҷи конҳои нав идома дорад.
Ба андешаи коршиносон на ҳама кишварҳои ҷаҳон уҳдадориҳои худро ҷиҳати рияои созишномаи Париж дар мавриди коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ иҷро мекунанд. Муҳимтарин банди рӯзномаи COP29 ин тавофуқ дар бораи ҷудо кардани то як триллион доллар дар як сол ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои маблағгузории барномаҳои иқлим аст. Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми чунин маблағгузорӣ 100 миллиард долларро ташкил медиҳад ва он соли ҷорӣ ба охир мерасад. Дар саммити имсол СММ оид ба тағйирёбии иқлим бисёре аз раҳбарони ҷаҳон аз ин нишаст канор хоҳанд рафт.
Мавриди зикр аст, ки соли 2015 дар пойтахти Фаронса тақрибан 200 кишвар ба мувофиқа расида буданд, ки ҷиҳати коҳиш додани ҳарорати ҳаво то 1,5˚С талош меварзанд. Аммо, тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ соли 2024 гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳои метреологӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарорати миёнаи моҳҳои январ то сентябр нисбат ба охири асри 19 1,54° баландтар гардидааст. Бино ба гузориши Агентии байналмилалии энергетикӣ, ҳаҷми партовҳои гази карбон аз ҳисоби истеҳсоли энергия дар ҷаҳон 0,9 фоиз афзуда, беш аз 36,8 миллиард тоннаро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ ба ҳисоб меравад. Бар асоси таҳқиқоти нави коршиносони масоили обу иқлим гармшавии глобалии ҳаво аз ҷониби инсон ба вуҷуд омада, то солҳои 2030-2035 нисбат ба давраи пеш ба 1,5°С боло хоҳад рафт.