Дар қисми шимолии Покистон бар асари сарозер шудани як автобус ба дарё 22 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар ноҳияи Диамери Гилгит-Балтистон рух додааст.
Тавре агентии иттилоотии ТАСС хабар медиҳад, кормандони полис ҷасади 16 нафарро аз дарё берун овардаанд. То ҳол амалиёти ҷустуҷӯӣ идома дорад. Гуфта мешавда, ки дар роҳҳои мошингузари ноҳияи Диамери Покистон садамаҳои нақлиётӣ бештар рух медиҳанд. Ҳодисаҳои нохуш дар ин минтақа аз сабаби номусоиди иқлим, ноҳамвор будани релеф, шароити номусоиди роҳ, пурбори мошинҳо ва дигар омилҳо рух медиҳанд.