Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ду масъала баррасӣ гардид.
Аввалин масъала қабули Лоиҳаи Қарор “Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмиллалӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи НБО-и Роғун” буд, ки онро вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Ашурзода муаррифӣ намуданд ва Лоиҳаи Қарор қабул карда шуд.
Оид ба масъалаи дуюм, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» буд, вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Раҳматзода, Парвиз Шодизода ва Насиба Содиқӣ, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Шараф зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки барои таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур вакилон ба кишварҳои дигар сафар карда, таҷрибаи давлатҳоро омўхтанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон барои некуаҳволии мардум ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ равона мегардад ва дар давлатҳои ИДМ нахустин қонун мебошад.
Рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар ҷомеа имкон медиҳад, то гуруҳҳои осебпазир дастгирӣ ёбанд ва барои беҳтар шудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Иҷлосияи мазкур таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.
Шоистаи Аҳмад
радиои «Тоҷикистон