Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 11 ноябри соли 2024 бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Абдул Ҳамид Халилӣ мулоқот намудааст.
Дар мулоқоти нахустин, ки имрӯз бо иштироки Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид, коршиносони Бонки ҷаҳонӣ зери роҳбарии Абдул Ҳамид Халилӣ – роҳбари Гурӯҳи лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» («БРАМОМ-4») аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, ҳамзамон мутахассис оид ба нақлиёт ва Судешна Митра – мутахассис оид ба бехатарии нақлиёти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, роҳбарият ва кормандони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Вазорати нақлиёти ҶТ ширкат намуданд.
Дар мулоқот Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои Бонки ҷаҳонӣ бо кишварамон, бахусус, дар соҳаи нақлиёт ёдовар шуд ва изҳори итминон намудааст, ки лоиҳаи «БРАМОМ-4» бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ хоҳад гардид.
Вазири нақлиёт махсус зикр намуд, ки сафари кунунии ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад, зеро он, ба гуфтаи ӯ, «ба баррасии миёнамӯҳлати лоиҳа бахшида шудааст. Ин марҳила барои он махсус аст, ки ҷиҳати арзёбии ҳадафҳои ибтидоии рушди лоиҳа, аҳамият ва дараҷаи расидан ба онҳо муносибати ҳамаҷонибаро талаб мекунад».
Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳа дар сохтмони қитъаҳои роҳҳо дар ВМКБ 58,1%-ро ташкил дод, ки 6,71% аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ бештар аст. Дар қитъаҳои роҳҳои вилояти Суғд иҷроиши нақша 46,01% ташкил медиҳад.
Вазири нақлиёт илова намуд, ки аз замони сафари охирини миссияи Бонки ҷаҳонӣ, Вазорати нақлиёт 31 июли соли 2024 бо ширкати итолиёвии FRED Engineering S. R. L барои пешниҳоди хидматрасониҳои машваратӣ оид ба таҳияи Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ (CМБҲР) ва Нақшаи амал (НА) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2034 қарордод ба имзо расонид. Инчунин, дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳа 5 иҷозатнома барои нармафзори HDM-4 барои банақшагирии стратегӣ, буҷетнигорӣ ва таҳлил харидорӣ карда шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот Азим Иброҳим инчунин дар робита ба ифтитоҳи расмии КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, моҳияти гузаштан ба рақамикунониро дар пешрафти кори соҳа ба таври мушаххас баён дошт ва аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ хоҳиш намуд, ки барои гирифтани кӯмаки техникӣ ва омӯзонидани мутахассисони соҳа мусоидат намояд.
«Умедворем, ки бо дастгирии фаъолонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мо ба татбиқи Лоиҳаи марҳилаи чоруми Барномаи беҳдошти роҳҳои минтақавии алоқа дар Осиёи Марказӣ муваффақ хоҳем шуд», – изҳор дошт Вазири нақлиёт.
Ҷонибҳо масоили вобаста ба лоиҳаи «БРАМОМ-4», инчунин дар доираи ин лоиҳа маблағгузории таҷдиди роҳи 32-километраи «Гулистон-Кӯлоб»-ро дар вилояти Хатлон баррасӣ намуданд.
Дар навбати худ Абдул Ҳамид Халилӣ ба роҳбарияти вазорат барои ҳамкориҳои судманд арзи сипос намуда, тазаккур дод, ки ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ зарурати сармоягузории иловагии лоиҳаи роҳи «Гулистон-Кӯлоб», инчунин дигар лоиҳаҳои вобаста ба сохтмон ва таҷдиди роҳҳои кишварро мерасонад.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати мазкур аз 11 то 29 ноябри соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар татбиқи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» ва омода намудани ҳисоботи миёнамуҳлати лоиҳа бо Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Вазорати нақлиёти ҶТ ва шарикону мушовирон якчанд мулоқот доир мекунад. То охири ҳафта Гуруҳи корӣ барои шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар 4 қитъаҳои роҳ ба вилояти Суғд сафар хоҳад кард.
Ба маълумоти Вазорати нақлиёт, дар доираи татбиқи марҳилаи 1-уми лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд, воқеъ дар шаҳри Хоруғ ва сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда, бунёди роҳи автомобилгард дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ ва сохтмони як пул пешбинӣ шудааст.
Дар ҳудуди вилояти Суғд азнавсозӣ ва таҷдиди 4 қитъаи роҳҳои автомобилгард «Куруш–Бекобод», «Деҳмой–Ғафуров», «Ғафуров–Хистеварз» ва «Конибодом–Кучкак» бо дарозии умумии 51,2 км ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи марҳилаи 2-юми лоиҳа баланд бардоштани сатҳи низоми идоракунии дороиҳои роҳ тавассути таҳвил ва насби тарозуҳои баркашии вазни воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат (weigh-in-motion; WIM) дар қитъаҳои алоҳида, насби бастаҳои барномавие, ки барои таъмини баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва таҳлили маълумот дар бораи ҳолати шабакаи роҳҳои автомобилгард, шиддатнокии ҳаракат дар роҳ, мувоҷеҳ шудан бо хатарҳои табиӣ ва тартиб додани нақшаҳои тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба нигоҳдории техникӣ ва таъмир пешбинӣ шудаанд, амалӣ карда мешаванд.
Инчунин, дар доираи ин марҳила таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ тавассути дастгирии Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ дар баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ дар нақлиёт, таҳияи Стратегияи баланд бардоштани бехатари ҳаракат дар роҳ ва таъсиси Обсерваторияи бехатарии ҳаракат дар роҳ, мустаҳкамкунӣ ва сохтмони панҷараҳои муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар маҳалҳои мураккаби кӯҳӣ дар назар дошта шудааст.