КОНСТИТУТСИЯ ВА ОЗОДИИ БАЁН

Имрӯзҳо аҳли мамлакат аз 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд. Бе муболиға метавон гуфт, ки асоси пешрафтҳои азим ва рушди пайвастаи иқтисоду иҷтимоъ дар мамлакат ба меъёрҳои конститутсионӣ вобаста ҳастанд. Бо талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои мардум ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳояшон амалӣ шуда истодаанд, ки Конститутсияи ҷумҳурӣ ба он кафолати воқеӣ медиҳад.

Ин санаи муборак дар таърихи миллату кишвари азизамон ба саҳифаи пурҷило ва дурахшоне табдил ёфтааст. Конститутсия яке аз рукнҳои усулии Истиқлоли Тоҷикистон аст. Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори дигар конститутсияҳои кишварҳои мутараққӣ яке аз санадҳои демократитарин эътироф гашта, тамоми ҳуқуқу озодиҳоро ба мардуми шарифи кишвар фароҳам овардааст.

Бешубҳа, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқӣ ва дунявӣ яке аз аслҳои конститутсионӣ аст, ки роҳу равиши давлатро дар олами муосир муайян месозад. Конститутсияи Тоҷикистон барои фаъолияти озодонаи аҳзоби сиёсӣ, ба ҷо овардани эътиқоди динию мазҳабӣ, меҳнату таҳсил ва истироҳат шароит фароҳам меорад.

Пешвои муаззами миллат дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки эълони Истиқлол дар кишвар ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омада буд. Гуфта шуд, ки танҳо қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.

Масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ аз муҳимтарини мақсадҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт баланд бардоштани фарҳанги сиёсии шаҳрвандони мамлакат, устувору пойдор гардонидани пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳадафи асосӣ дониста мешавад.

Ба ин мақсад тавсеа бахшидан ба фарҳанги сиёсии шаҳрвандон, таъмин намудани иштироки шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии корҳои давлатӣ, эҳтироми Конститутсия ва садоқат ба давлат муҳим дониста мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буда, мутобиқи моддаи аввали Конститутсия, барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад.

Дар шароити муосири мураккаби авзои геополитикии ҷаҳон ва махсусан минтақа барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаҳои тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва фазои устувори сиёсӣ дар мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиётӣ, истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Озодии баён дар воситаҳои ахбори омма омили муҳимми рушди ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёд дониста мешавад. Хушбахтона, дар кишвари мо заминаҳои ҳуқуқии рушди воситаҳои ахбори омма ба вуҷуд оварда шудааст, миёни зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ ва расонаҳои хабарӣ ҳамкорӣ ба миён омад.

Дар амалӣ намудани ҳадафҳои геополитикӣ нақши воситаҳои ахбори омма ниҳоят назаррас аст, зеро тавассути ВАО таъсири иттилоъ ба ташаккули инсон ва тафаккури он самараноктар сурат мегирад ва ӯ тӯли ҳаёти худ бо таъсири иттилои дар дастдошта ташаккул меёбад. Тафаккури инсон чунин сохта шудааст, ки вай иттилоъро қабул карда, бо таъсираш дар баъзе ҳолатҳо куллан тағйир меёбад. Ин дар ҳолест, ки иттилоъ ҳам созанда асту ҳам сӯзанда. Иттилои созанда нерӯи пешбаранда дорад. ВАО силоҳи муҳимми таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар муқоиса кард. Содда кардани низоми сабти ном, додани иҷозатномаи фаъолият, аз байн бурдани монеаҳо дар фаъолияти ВАО, баргузории нишастҳои матбуотӣ ва вокуниши ҳатмию саривақтии роҳбарияти мақомоти давлатӣ ба баромадҳои танқидии матбуот дар ин самт аз иқдомҳои қобили таваҷҷуҳ ҳастанд.

Имрӯз дар кишвар беш аз 500 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки қисми зиёди онро матбуоти ҷамъиятиву хусусӣ ташкил медиҳанд. Аз нуҳ оҷонсии иттилоотӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ҳаштоаш хусусӣ мебошанд. Ҳар яке аз ин расонаҳо ба таври худ фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд.

ВАО яке аз рукнҳои аслии пешрафт ва тараққиёт дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҷанги сард ба поён расида бошад ҳам, ҷанги сарди дигаре ба номи ҷанги расонаҳо ҷараён дорад. Гурӯҳҳо ва ҷомеаҳо аз ВАО бо мақсадҳои гунаҳои истифода мебаранд. Дар робита ба ин, имрӯз дар илми сиёсатшиносӣ мафҳуми нав – «ҷанги иттилоотӣ» ё «муборизаи иттилоотӣ» шинохта мешавад. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавассути як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи матбуои даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар маҷмуъ 15 номгӯйро ташкил мекунанд, танзим карда мешаванд.

Таъмини амнияти иттилоотӣ ва бехатарии он ба хотири озодии баён проблемаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳифзи фазои ягонаи иттилоотӣ низ бояд мунтазам мавриди таваҷҷуҳи ниҳодҳои масъул қарор дошта бошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ барои пешбурди манфиатҳои худ ва паст задани манфиати дигарон давлатҳо, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида ба муқобили ҳамдигар муборизаи иттилоотиро торафт вусъат медиҳанд. Намунаи барҷастаашро мо дар ВАО-и Россия ва Украина ва соири кишварҳои Ховари Миёна метавонем баръало мушоҳида намоем.

Дар ин росто, солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷудогона ва нафарони худбохта бо дарки амиқи масъала бар зидди кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон як маъракаи огоҳонаю муғризонаи сиёсӣ пеш мебаранд ва аз ҳадафҳои ба истилоҳи «бунёдӣ»-и худ ҳарф мезананд.

Ҳамчунин, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди наворҳои зиёде мешавем, ки дар он миллати мо мавриди интиқод ва таҳқир қарор мегиранд. Ин тамоюл метавонад паёмади нохуб дошта бошад. Гурӯҳ ва нафароне вуҷуд доранд, ки пайваста интиқоди ҳукумати кишвар ва сиёсати пешгирифтаи онро ҳадафи худ қарор додаанд. Баъзан, дар ин гурӯҳ ҳуҷҷатҳои махфӣ ва дорои сирри давлатидошта низ пахш мегарданд, ки сарчашмаашон маълум нест. Хеле муҳим аст, ки дар ин раванд мо – аҳли ҷомеа ва зиё хомӯш набуда, мавқеи тамошобинро ихтиёр накунем ва фазоро холӣ намонем.

Комилан яқин аст, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва нияту нақшаҳои стратегии мо ҷиҳати рушду тараққии мамлакат, инчунин сиёсати бисёрсамтаи хориҷиамон ба доираҳои муайян хуш намеояд. Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва озодии баён на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои сайёра аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд.

Вақтҳои охир ҳатто сарони давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар бораи зарурати танзими фаъолияти интернет дар доираи қонунҳои байналмилалӣ изҳори назар мекунанд. Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин масъала ҳангоми мулоқотҳои худ бо зиёин ва хосатан рӯзноманигорон таваҷҷуҳ карда буданд. Вақти он расидааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳарсе шохаи идоракунӣ дар ин бобат ҷиддӣ мулоҳиза кунанд.

Шаҳрвандони мамлакат бояд ба иттилооти воқеӣ (объективӣ) ва гуногунҷанба ба василаи ВАО дастрасӣ дошта, дар инъикоси самтҳои гуногуни идоракунии давлат ва ҳаёти ҷамъиятӣ иштироки фаъолона дошта бошанд. ВАО барои муколама миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, ниҳодҳо, ҳокимият ва халқ, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим ва муассир дорад. Дарки барвақтии ин масъала ба манфиати ҳамаи қишрҳои ҷомеа аст.

Ба фаъолияти ВАО дар маҷмуъ бавосита ё бевосита 6 моддаи Конститутсия иртибот дорад. Ин моддаҳои 5, 8, 30, 40, 42, 88 ҳастанд.

Тибқи моддаи 30-и Конститутсияи Тоҷикистон, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Ду модда – туҳмат ва таҳқир аз Кодекси ҷиноятӣ ба кодекси гражданӣ кӯчонида шуд, ки ин пешниҳод заминаи ҳуқуқӣ дошта, аз Конститутсияи мамлакат бармеояд.

Ба имзо расидани Фармони №622 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО» намунаи хуби ҳамкории давлат бо ВАО аст.

Интиқоди ахири Пешвои муаззами миллат оид ба таҷдиди таҷрибаи боз шудани парвандаҳои ҷиноятӣ барои гузоштани аломати писандида (лайк) дар маводи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин самт қадами устувор маҳсуб меёбад.

Тавре дар Конститутсия ишора мешавад, мо воқеан қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ҳастем ва худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор мешуморем. Таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем.

30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

ҲАМИДИЁН Илхомҷон,

н.и.ф., дотсенти кафедраи

технологияи ВАО

САИДЗОДА Шодона,

н.и.ф., мудири кафедраи

технологияи ВАО