Баргузории ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Конститутсия – кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омили рушди тарбияи ватандустии шаҳрвандон”

Имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19- и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ- фарҳангӣ таҳти унвони “Конститутсия – кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омили рушди тарбияи ватандустии шаҳрвандон” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату сохторҳои марбутаи кишвар ва дигар ниҳодҳои дахлдор ширкат варзиданд.

Нахуст ҳамоиши илмӣ- фарҳанги бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода оғоз гардида, мавсуф бо ёдоварӣ аз нақши Конститутсия дар эъмори давлатдории миллӣ суханронӣ намуда таъкид дошт, ки воқеан Конститутсия бахтномаи миллат буда, ифодагари азму ирода ва санади мукаддасест, ки ҳифзу ҳукуқу озодиҳои инсонро муаян менамояд.

Сипас, Нурулло Қурбонализода роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе баромад намуда иброз дошт, ки Конститутстяи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин ҳуҷҷати давлатдори буда, миёни дигар кишварҳо беҳтарин Конститутсия эътироф гардидааст.

Инчунин дар рафти чорабинии тантанавӣ тавзеҳ дода шуд, ки қабули Конститутсия санади муҳими таърихӣ, дастоварди беназири халқи тоҷик ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ба шумор меравад, ки имсол аз қабули он 30 сол сипарӣ мегардад.

Олуфта Шарипова,

радиои “Тоҷикистон”