Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласаи шуро 34 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Нахуст дар ҷаласаи Шуро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни кори ҷаласа аъзои шуро ҳамчунин якчанд санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва дигар қонунҳои пешниҳодшударо мавриди муҳокима қарор дода, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Инчунин дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб намудани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ва иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон муҳокима гардида, бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон