Имрӯз дар Вазорати маориф ва илм кишвар ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Дилрабо Мансурӣ – раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини Сарвазири кишвар, Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, аъзоёни комиссия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Сараввал Дилрабо Мансурӣ ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шинос намуд.
Сипас, Раҳим Саидзода доир ба омодагиҳо ба даври чорум ва тартиби баргузории он маърӯза намуда, зикр кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде ширкат меварзанд ва он дар дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд. Имсол дар даври ҷумҳуриявии озмун 574 нафар иштирок менамоянд, ки далели таваҷҷуҳи зиёди ҷомеа ба ин озмун аст.
Гуфта шуд, ки баргузории озмуни мазкур нишон дод, ки ҳар сол теъдоди довталабон афзуда, китобхонӣ ва таваҷҷуҳ ба китоб характери оммавӣ пайдо кардааст. Тибқи омори пешниҳоднамудаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 нафар, дар даври дуюми он 49267 нафар, дар даври сеюм 3742 нафар иштирок намуданд. Дар даври сеюми озмун аз шахҳри Душанбе 458 нафар аз вилояти Суғд 1330 нафар, аз вилояти Хатлон 1130 нафар, аз ВМКБ 373 нафар ва аз ШНТҶ 451 нафар ширкат варзид. Ба даври чоруми озмун 574 нафар роҳ ёфтанд. Омодагӣ ба даври чоруми озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» хуб чараён гирифта, ҷадвали баргузорӣ, рўйхати ҳакамон дар номинатсияҳо, Шоҳҷоизаҳо, рўйхати комиссияи аппелятсиони ва масъулон аз ҷониби вазорати мазкур барои тасдиқ пешниҳод гардидаанд.
Дар рафти ҷаласа, ҳамчунин, дархост гардид, ки дар рафти озмун шаффофият таъмин карда шавад ва аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузошта шавад. Инчунин, таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад. Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳамаи масъалаҳои марбут ба баргузории озмун таҳия ва омода шуда, волонтёрон ва назоратчиён дар номинатсияҳо аз ҳисоби кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши вазири маориф ва илм таъин шудаанд. Дар охири ҷаласа гуфта шуд,ки даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе 7-уми ноябр оғоз мегардад.
Дар ин хуусс аз рафти баргузори ҷаласа ҳамкорамон Сураёи Сироҷиддин хабар доданд.