Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Испания Филиппи VI барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Испания муҳтарам Филиппи VI барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Аълоҳазрат,

Хабари ҳузнангези талафоти бузурги инсонӣ ва харобиҳои зиёд бар асари боришот ва обхезиҳои шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Испания боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар ин лаҳзаҳои вазнин ҳамдардиву тасаллияти самимии инҷонибро ба  Шумо, пайвандону  наздикону қурбониёни офати фоҷеабор ва тамоми мардуми дӯсти Испания изҳор менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».