Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” доир гардид, ки дар он ба ғайр аз ноширони ватанӣ ноширону адибон аз кишварҳои дўсти Точикистон Федератсияи Россия, Чумхурии Халқии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, чумҳуриҳои Туркия, Туркманистон, Ўзбекистон ва Ҳиндустон бо бехтарин намунаҳои китобҳои муассисаҳои табъу нашри хеш ширкат доранд.
Тавре ҳамкорамон Муҷиддини САЙФИДДИН аз рафти баргузории он иттилоъ дод, имсол дар Намоишгоҳ беш аз 40 ношир зиёда 5000 унвон китобҳои тозанашри худро дар риштаҳои адабиёти бадей, адабиёти кӯдак, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу ичтимоиёт ба алоқамандони китоб пешниход намудаанд.
Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” аз соли 2010 инчониб бо карори Ҳукумати Чумхурии Точикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун як падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртибототи фарҳангӣ бо ноширону нависандагони кишварҳои дӯст баргузор мешавад ва он ҳам як фурсати муносиб барои табодули тачрибаи ноширон, муаррифии китобҳои тозанашр ва умуман тарвиҷи фарҳанги китобдориву китобхонӣ дар байни аҳолии кишвар аст.
М. Пардаев
Расм: khovar.tj