Имрӯз дар меҳмонхонаи “Хаят Реженс”-ии шаҳри Душанбе Форуми миллӣ оид ба шарҳи ихтиёрии маҳаллии таҳти унвони “Душанбе: – ояндаи ҳушманд ва устувор”- баргузор гардид.
Форуми мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода оғоз гардида, мавсуф таъкид дошт, ки шарҳи ихтиёрии маҳаллӣ равандест, ки кишвар тавассути он вазъи рушди иқтисодию иҷтимоиро дар сатҳи шаҳр ва пешравиҳоро ҳамчун раванди пайгирӣ ва механизми бознигарӣ дар самти тадбиқи рӯзномаи глобалӣ барои давари то соли 2030 арзёбӣ ва пешниҳод менамояд. Ба гуфтаи Ашурбой Солеҳзода муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар, рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030, ки аз ҷониби ҳамаи давлатҳои аъзои СММ дар соли 2015 қабул шудааст, нақшаи умумии таъмини сулҳ ва шукуфоӣ барои одамон ва сайёра дар оянда ба ҳисоб меравад. Он дар 17 ҳадафи рушди устувор асос ёфтааст, ки даъвати қатъии амал барои ҳамаи кишварҳои пешрафта ва рӯ ба инкишоф дар доираи шарикии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамин аст, ки имрӯз дар доираи дастуру супоишҳо ва роҳнамоию ҳидоятҳои бевоситаи раиси МММО-ии Ҷ.Т. раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва омодосазоии шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе бо инобати дастоварду натиҷаҳои ноилгардида, дар самти тадбиқи ҳадафҳои рушди устувор барои ноил гардидан ба рӯзномаи глобалӣ оид ба рушди устувор барои давораи то соли 2030 таҳия ва оморда гардид.
Дар рафти Форуми миллӣ оид ба шарҳи ихтиёрии маҳаллии “Душанбе: – ояндаи ҳушманд ва устувор” гуфта шуд, ки дар Форуми байналмиллаии шаҳрро, ки рӯзҳои 4-8 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳираи давлати Мисри Араб баргузор мегардад, дар қатори дигар шаҳрҳои ҷаҳон “Шарҳи ихтиёрии маҳаллии Душанбе”- ро муарифӣ ва пешниҳод хоҳад шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки “Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе” дар сатҳи баланди мазмуни ва фарогири ҷамбаҳои калидии рушди устувор омода гардидааст, ки дар арсаи байналмиллаӣ сазовор муаррифӣ хоҳад шуд.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”