Чораҳои маҳдудкунанда дар Аврупо дубора меафзояд

Вазъияти бемории Ковид 19 дар кишварҳои аврупоӣ  аз он ҷумла  Италия,  Британияи Кабир, Испания ва Фаронса вазъият нигаронкунанда  шудааст. Хабаргузории Евро Нюс итттилоъ медиҳад, ки  табибони беморхонаи Неаполи Италия  гуфтаанд, ки дигар дар беморхона ҷой барои  беморони Ковид нест.

Шумораи гирифторони  ин бемори  соат ба соат дар  Италия зиёд гардида истодааст    Ҳукумати Италия тасмим гирифтааст, ки ба истилоҳ “минтақаи сурх” -ро берун аз чор минтақаи ҳафтаи гузашта басташуда густариш диҳанд. Шумораи ҳолатҳои нави сирояти COVID-19 ҳамарӯзаи дар Италия  ба таври назаррас коҳиш ёфт, аммо дар давоми 24 соати охир тақрибан 43 ҳазор озмоиш камтар гузаронида шудааст. Дар маҷмӯъ, дар кишвар тақрибан 1 миллион нафар сироятшуда мавҷуданд. Дар як рӯз 356 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки ин баландтарин рақам аз оғози пандемия мебошад дар Италия мебошад.

Дар Англия бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии сироятёбӣ маҳдудиятҳои қатъӣ ҷорӣ карда шуданд. Дар шаҳри Ливерпул озмоиши оммавии коронавирус ҷараён дорад. Барномаи озмоишии “Moonshot”   даъват мекунад, ки ҳамаи сокинон, ҳатто аломате надошта бошанд бояд аз ташхис гузаранд. Озмоишҳои нав дар тӯли 20-30 дақиқа натиҷа медиҳанд ва мақомот умедворанд, ки ин ба хадамоти тиббӣ дар мубориза бо паҳншавии вирус мусоидат хоҳад кард. Бритония Кабир беш аз 50 ҳазор фавтро аз COVID-19 ба қайд гирифт, ки    дар  Аврупо ба ҷои аввал баромад.

Дар Фаронса режими изолятсия идома дорад. Тибқи назарсанҷиҳо, аз 10 фаронсавӣ 7 нафар ҷонибдори инанд. Барҳо ва тарабхонаҳо ҳадди аққал то моҳи декабр бастаанд ва рафтуомад байни минтақаҳо маҳдуд аст. Заводҳо ва майдончаҳои сохтмонӣ  ва мактабҳо боз мемонанд, аммо кӯдакони 6 сола ва калонтар бояд дар дарс ниқоб пӯшанд.  Роҳбарияти беморхонаи Либурн дар наздикии шаҳри  Бордо барои фароҳам овардани ҷой барои беморони COVID-19 ҳама кори аз дасташ меомадаро мекунад ва таваққуфгоҳи берунӣ ба маркази қабул табдил ёфтааст.

Президент Эммануэл Макрон ҳушдор додааст, ки мавҷи дуввуми пандемия “эҳтимолан марговартар аз аввалин” хоҳад буд, ки дар давоми он 36 ҳазор нафар дар Фаронса фавтиданд. Дар Испания шумораи фавтҳо аз коронавирус аз 40 ҳазор гузаштааст ва шумораи гирифторон аз оғози пандемия – 1,4 миллион нафар расид.Аммо садҳо нафар истироҳаткунандагон ба фурудгоҳи Тенерифе меоянд, зеро Олмон ва Бритония роҳҳои сайёҳиро ба ҷазираҳои Канар боз кардаанд. 55% сайёҳон ба ҷазираҳо аз Олмон ва Британияи Кабир меоянд, аммо шумораи онҳо бо маҳдудиятҳои карантинӣ танзим карда мешавад.

 Саъдӣ Ғоибов

радиои “Тоҷикистон”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *