Дар пайи бохтҳои пайиҳами тими миллии футболи Тоҷикистон дар доираи ҷамъомадҳои таълимиву тамринии даста, ки ахиран зимни дидори дўстона бо тими мизбони мусобиқа – АМА низ ин ҳолат иттифоқ афтод, аксари корбарони бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук, ки ҳаводори футболанд, аз ин нигарон шуда, бо шеваи интиқод назару андешаҳои худро дар робита ба он баён доштанд.
Ибтидо, Бобо Холмуродзода, шореҳи телевизиони «Варзиш» роҷеъ ба паҳлуи иваз намудани футболбозон дар рафти бозӣ дахл намуда, гуфтааст: Вақте футболбоз дар қисми дуюм ба майдон меояд, ӯ бояд бозиро тақвият диҳад.
Дар тақвияти гуфтаҳои ин муаллиф, Каён Бурҳонзода, як корбар навиштааст: Дастаи мунтахаби кишвар боз бо ҳамон усул кўчагӣ, яъне ба таври ѓайридаставӣ бозӣ карданд.
«Азбаски дидори ахир бо дастаи мунтахаби футболи АМА як бозии дўстона буд – гуфтааст ҷойи дигар Бобо Холмуродзода, – мебоист бозингарон аз ин шонс истифода бурда, худро муаррифӣ мекарданд. Ба бовари ин муаллиф, агар моҳи декабр ягон бозии дӯстонаи дигар сурат нагирад, ҳоли даста аз ин бад мешавад»
Баҳри ба эътидол даровардани тими миллии футболи кишвар дар солҳои оянда, Карим Қурбонов, як истифодабаранда чунин тавсия додааст: Ояндаи хуби наврасони футболбозро пешбинӣ намуда, аз 12 солагӣ онҳоро бояд ба академияҳои футболи кишварҳои Аврупо равон кард. Бовар дорам, ки 10 – 15 нафар чунин наврас ёфт мешавад ва метавонем тавассути шартнома онҳоро ба академияҳои мазкур ҷалб намоем.
Аммо дар посух ба ин андешаи корбар Дилшод Ибронов навиштааст: Мо дар овардани як мураббии хуб аз хориҷи кишвар танқисӣ мекашем, чӣ гуна 10 – 15 наврасро дар Аврупо футбол меомўзонем? Афзун бар ин, бо ин васила мушкили футболи тоҷик ҳал намешавад. Бояд шароити дастаҳои футболӣ беҳбуд ёбад ва мусобиқаи байни дастаҳои Лигаи олӣ тақвият дода шавад. То сатҳе тақвият ёбад, ки таваҷҷуҳи агентҳои футболи хориҷӣ ба футболбозон бештар ҷалб гардад.
Масрур Ҳодизода, аз тамошои бозии ахири рафиқонаи дастаи мунтахаби футболи тоҷик бо АМА бардошти худро ба шакли зайл навиштааст: Байни бозингарон ягон якдигарфаҳмӣ дида намешавад. Футболбозони мо ҷисману руҳан умуман омода нестанд. Чанд сол мешавад ба ояндаи нек умед мебандем, вале сол ба сол бадтар мешаваду беҳтар не.
Раҳимов, яке аз мубоҳисон ба ҳунарнамоии ду бозингари тими мунтахаб – Манучеҳр Ҷалилов ва Табрези Давлатмир эрод гирифта, нигоштааст: Ин ду футболбоз дар кадом қисмати майдон, ки ба тўб соҳиб шаванд, фавран онро аз ихтиёр медиҳанд ё партофти хато ирсол мекунанд.
Дар ин бобат, Даврон Шарипов чунин маслиҳат додаст: Мо бояд ба ҷои тими миллӣ футболбозини 17- соларо ба майдон барорем. Ин ҷавонон аз дастаи мунтахаб дида беҳтар бозӣ мекунанд. Бояд иқрор шавем, ки ба он сатҳе, ки дастаи наврасони кишвар дар майдон ҳунарнамоӣ мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ тими миллии кишвар бозӣ карда наметавонанд.
Дар ҳамин ҳол, Фарҳодзода Муҳаммадюсуф, яке аз иштирокдорон аз Шаҳром Самиев, ҳуҷумкори дастаи наврасони кишвар ёдовар шудааст, ки мутаассифона ба тими миллӣ даъват нашудааст. Ба бовари ў, ин футболбоз аз бархе ҳуҷумкорони дастаи мунтахаб дида, беҳтар бозӣ мекунад.
Фаридун Умарбек, яке аз фаъолони иҷтимоӣ дар ин бора бо қатъият навиштааст: Мо ҳамагӣ 45 дақиқа тавони дар майдон будан дорем. Футболи мо хеле дар сатҳи паст қарор дорад.
Носир Қурбонов бо таассуф нигоштааст: Доимо ин камбудиҳо дар бозиҳои байналмилалии ҳам бошгоҳи «Истиқлол» ва ҳам дастаи мунтахаб ба назар мерасад. Муаллиф дар идома аз ин воқеият ёдовар шудааст, ки ҳама вақт бозиҳои моро ниммухофизатгарон таҳким мебахшанд.
Хулосаи худро аз бозии ахир Зоҳир Имомзода, яке аз корбарон чунин баён кардааст: Дар қисми дуюми дидор чанд бозингаре, ки ба майдон баромаданд, танҳо ба рафти бозии ҳамдастаҳояшон халал расониданд. Усмон Тошев, сармураббии тими мунтахаб дар иваз кардани бозингарон чун ҳамеша хато мекунад! Ё рафти бозиро контрол карда наметавонад ё амдан чунин рафтор менамояд.
Ҷовид Файёзов дар интиҳои баҳси мазкур ин нуктаро ёдовар шудааст: Бозингарони тими миллии мо аз ҷиҳати физикӣ устувор нестанд. Бо як суръату низом 90 дақиқа бозӣ карда наметавонанд. Сабаби асосӣ дар он аст, ки ҳадди ақал 60 дарсади ҳайъати дастаро бозингарони ботаҷриба ташкил намедиҳанд. Сарфи назар аз ин камбудиҳо ба ояндаи ин даста умед мебандем.
Дилшоди Муҳаммад
радиои “Тоҷикистон”