4 октябри соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масаки Ишикаваро ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопонро дар бахши иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ҳамчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» муҳокима гардиданд.