Аз таъсиси гимназияи хусусии «Ворисони Сомонӣ», нахуст муассисаи таълимии типпи нав дар ноҳияи Файзобод ду моҳ сипарӣ гардид. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳ роҳбарияти муассиса корҳои назаррасеро ба анҷом расонидаанд.
Болотарин муваффақияти онҳо ин аст, ки ҳусни таваҷҷуҳи сокинони маркази ноҳия ва маҳаллаҳои атрофи он ба ин таълимгоҳ рӯзафзун бештару бештар мегардад. Дар оғоз, агар омӯзгорони муассиса ба таълими чор гурӯҳи синфҳои (1,2,3,4) ба кор шурӯъ карда бошанд, дар ин муддати кӯтоҳи шумораи гурӯҳи синфҳо ба 5 адад ва шумораи хонандагон ба 75 нафар расидааст.
Ин худ гувоҳи он аст, ки кор дар ин муассисаи навтаъсис дар самти дуруст ва дилхоҳ ба роҳ монда шудааст. Зимни суҳбат мудири қисми таълимии муассисаи мазкур Саид Ойев иброз дошт, ки: “Бартарии кор дар гимназияи «Ворисони Сомониён» дар қиёс ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кам будани шумораи хонандагон дар синфҳо мебошад. Зеро дар сурати аз 12 то 20 нафар будани хонандагон дар синфҳои таълимӣ ба омӯзгорони фанҳо имконият фароҳам мегардад, ки қариб ба ҳамаи хонандагони синф ба таври инфиродӣ машғул шаванд. Ин ба болоравии сатҳу сифати дарсазхудкунии хонандагон имкон медиҳад. Ҳамчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) дар муассиса аз синфи 1 оғоз меёбад. Ҳамзамон мувофиқ ба нақшаи кории омӯзгорон ва масъулони таълимгоҳ соатҳои иловагӣ дар ҳамаи гурӯҳи синфҳо ба миқдори ду соатӣ мунтазам таълим дода мешавад. Омӯзиши дарсҳои иловагӣ дар ҳамаи гурӯҳи синфҳо аз ҳамаи фанҳои таълимӣ дар нақшаи муназзами тартибдодашуда мунтазам баргузор мегардад.
Хонандагон бошанд, ба таълимгоҳ дар асоси имтиҳони пешакӣ қабул карда мешаванд. Ҳамзамон омӯзгорон дар асоси озмун ба кор фаро гирифта шудааанд. Масъулони таълимгоҳ ният доранд, ки дар оянда шумораи синфҳои таълимиро боз ҳам зиёдтар намоянд. Ба ин таваҷҷуҳи зиёди сокинони ноҳия ба таълим дар гимназияи хусусӣ гувоҳӣ медиҳад”.
Боиси қайд аст, ки гирду атрофи таълимгоҳ пурра таъмир карда шуда, ҳудуди он панҷарабандӣ карда шудааст. То имрӯз бо ёриву дастгирии бевоситаи соҳибкор Манучеҳр Каримов толори китобхонаи гимназия бо шумораи зиёди китобҳои таълимию бадеӣ ва таҷҳизотҳои муосири замонавӣ омода карда шудааст. Ҳарчанд ки дар ин муддати кӯтоҳи фаъолияти гимназия дар бораи дастоварду муваффақиятҳо сухан гуфтан барвақт бошад ҳам, аммо натиҷаҳои дилхушкунандаву умедворкунанда аллакай ба даст омадаанд. Муваффақияти бештари хонандагони муассиса иштироки онҳо дар олимпиадаи «Арифметикаи зеҳнӣ» ба даст омад, ки дар он хонандагони гимназияи «Ворисони Сомониён» ба гирифтани 3 медал мушарраф гардиданд. Хонандагони синфи 4 Самирхонова Сафия сазовори ҷойи 1 ва медали тилло, Зоидов Ҷамшед ҷойи 2 ва медали нуқра, Абдуллоева Маҳина ҷойи 3 ва медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамаи ин дастовардҳо ва дигар тараддуду нақшаҳои дар назди худ гузоштаи омӯзгорони ин таълимгоҳи навтаъсис гувоҳи онанд, ки омӯзгорон рисолати азалии худро хуб дарк намуда, баҳри амалӣ сохтани он кӯшишу талош менамоянд.
Нуралӣ Давлат, Низомиддин Шамсиён
барои сомонаи радиои “Тоҷикистон”