Даргузашти бузургсолтарин сарвазири ҷаҳон

Шоҳзода  Халифа бин Салмон оли Халифа,  ки аз соли 1970 то кунун раёсати кобинаи давлати Баҳрайнро бар уҳда дошт,  рӯзи 11 ноябр дар синни 86 солагӣ, дар яке аз бемористонҳои Амрико даргузашт.

Хабаргузории Баҳрайн бо эъломи ин ки дафтари подшоҳи ин кишвар хабари марги Халифаи бин Салмон оли Халифаро мавриди таъйид қарор дод, ёдовар шуд, ки ба ҳамин манзур дар Баҳрайн як ҳафта мотами  умумӣ эълом шуда аст.

Бар асоси ин гузориш маросими хоксупории Халифа бин Салмон оли Халифа, ки аз вай ба унвони бузургсолтарин  нахуствазири ҷаҳон низ ёд мешавад,  пас аз овардани  пайкараш ба далели шароити вижаи ношӣ аз панедмияи COVID-19, танҳо бо ҳузури теъдоди маҳдуд аз бастагону наздикони марҳум, баргузор хоҳад шуд.

Халифа бин Салмон оли Халифа дар тули даврони нахуствазирӣ ҳамвора ба унвони як шахсияти меҳварӣ ва ҷанҷолӣ шинохта  мешуд. Вай ҷудо аз ихтилофоти умдае, ки бо подшоҳи Баҳрайн дошт, назди ҷомеаи шиамазҳабони ин кишвар, низ манфур буд.

Кор то ҷое расид, ки шиамазҳабони  Баҳрайн дар моҳи  феврали соли 2011 ба муддати як моҳ бо ишғоли майдони Марворид дар қалби Манома даст ба таҷамуи эътирозӣ заданду хостори барканории ӯ шуданд.

Ин эътирозҳо дар моҳи марти соли 2011 танҳо баъди вуруди неруҳои низомӣ аз кишварҳои халиҷи Форс, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, ки гуфта мешуд барои муҳофизат аз таъсисоти ҳаётии ин кишвар сурати гирифтааст,  саркуб шуд.

Халифа бин Салмон оли Халифа  баъди  ба даст гирифтани раёсати кобинаи давлати Баҳрайн дар ҷиҳати тақвияти равобит бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талош кард ва пас аз истиқлол дар соли 1971 имтиёзҳои низомӣ дар ихтиёр Вашингтон қарор дод.

Баҳрайн ҳамакнун маркази фармондеҳӣ ва маҳали истиқрори новгони панҷуми неруҳои ҳарбӣ баҳрии Амрико дар минтақаи халиҷи Форс аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *