Обу ҳаво: боришоту ҳарорати паст пешгӯӣ мешавад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад, ки дар Душанбе, вилояти Хатлон, Суғд ва қисми водии минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ нимаи дуюми моҳи ноябр ҳарорат то 0 дараҷа паст мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар водиҳо ва баландкӯҳҳо ба ҷойи боронҳо барфи тар меборад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар огоҳӣ медиҳад, ки  ҳангоми ба сафар баромадан ба  минтақаҳои кӯҳи  шаҳрвандон  бояд эҳтиёткор бошанд.  

Худойдод Қудратов

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон   хабар медиҳад, ки  ҳафтаи равон дар  ҷумҳӯри ҳавои тағийрёбанда дар назар дошта шуда, дар вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар доираи меъёри иқлимӣ пешбинӣмешавад ва дар  баъзе минтақаҳои кишвар барф меборад. Дар ин робита сардори шуъбаи  обуҳавошиносии Агентии  обуҳавошиносии мамлакат Худойдод Қудратов   ба радиои “Тоҷикистон” иттилоъ дода, гуфт:  “Рӯзҳои 12-15 ноябри  соли  ҷорӣ  бо сабаби   воридшавии анбуҳи ҳавои намноки сард аз самти  Шимолу ғарб дар ҷумҳурӣ ҳавои  ноустувор  дар назар аст. Боришот дар водиҳо   дар намуди  борони сард оғоз мегардад. 14-уми ноябр бошад рӯзона гузариш ба барфи тар, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти  борону барф  ба амал омада дар баландкӯҳҳо барф борида, ҳангоми воридшавии анбуҳи ҳавои сард, пастшавии ҳарорати   рӯзонаи ҳаво то 8 -10 дараҷа пешгӯӣ мешавад”.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар  бошад аз сокинон хостааст, ки   ҳангоми сафар ба минтақаҳои кишвар, ронандагони  нақлиётҳо бо эҳтиёт бошанд ва  нақлиётҳои худро аз назари техникӣ гузаронида баъд ба сафар бароянд.

Умеда Юсуфӣ, сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи  Кумитаи мазкур  зими суҳбат  ба мо иттилоъ дод, ки ҳамзамон шахсоне, ки  ба минтақаҳои кӯҳии  кишвар сафар мекунанд, як маротиба  ба ниҳодҳои  дахлдор дар тамос шуда баъд  ба сафар бароянд.  “Ин омилҳо ба он оврада мерасонад, ки дар шоҳроҳҳо кӯҳӣ эҳтимолияти яхбандӣ ба миён меояд. Чун асосан  шоҳроҳҳхо мо тариқи ағбаҳо ва роҳҳо мегузарнад, бинобар ин мо ба диққати ронандагон мерасонем, ки  воситаҳои нақлиётии худро ҳатман бояд омода созанд ва баъдан сафарро таҳрезӣ намоянд. Ғайр аз ин бояд, қайд намуд, ки  пеш аз баромадан ба сафар ҳатман бояд, ки аз вазорату идораҳои дағлдор оид ба ҳолати роҳҳо ва боду ҳаво пурсон шуда, баъдан ба сафар бароянд”- гуфт Умеда Юсуфӣ.

Коршиносони соҳаи кишоварзӣ   ин боришотро барои кишти тирамоҳи манфиатовар медоданд. Дар ин  робита  мудири шуъбаи  ҳифзи хок ва геодезаи  Институти хокшиносии Академияи миллии илмҳои мамлакат Шарифҷон Ҳамидов гуфт, ки пеш аз ҳама ин боришот ба киштҳои  ғаладонагӣ манфиатовар мебошад: “Боришоти тирамоҳӣ боиси заминҳо  намӣ пайдо  гардидан мешавад, ки кишти зироати  ғаладонагии дар тирамоҳ киштшуда муосид мебошад.  Аз таҷрибаи кишоварзӣ медонем, ки намнокӣ ба шудгор намудани замин муфид буда, намнокии  аз 3 ,4 фоиз то 5 фоиз ба инкишофи  зироат муфид аст.  Ин яке аз меъёрҳои  асосии аз фасли зимистон ба баҳор баромадан мебошад.  ин яке аз захираҳои нами дар оянда барои  нашъунамои ҳамон зироатҳо фоида нок мебошад”.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад, ки дар Душанбе, вилояти Хатлон, Суғд ва қисми водии минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳафтаи равон боришоди борон ва барф дар назар дошта шудааст.

Саъдӣ Ғоибов,

радиои “Тоҷикистон”

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *