Шикоят аз нуктаҳои тезтайёр. Ғизошинос чӣ мегӯяд?

Чанде аз шунавандагони радиои Тоҷикистон зни тамос ба идораи радио аз он нигаронӣ мекунанд, ки сатҳи хизмартасонии хурокҳои тезтайёр ба муштариён ҷавобгуи талабот нест. Мусоҳиби мо Мавзуни Ғафурзод донишҷуйи бахши сеюми донишкадаи Санъат дар суҳбат ба радиои Тоҷикистон гуфт, ки  “аз нуқтаҳои тезтайёр дигар истифода нахоҳам кард, зеро маҳсулоти ғизоии  ин нуқтаҳо, бахусус самбуса ва пирожкӣ сифати паст дорад ва ҳолатҳои санитарӣ-гигениро истифода намекунанд”

Дар ҳамин ҳол ғизошинос,профессор Ҷаҳон Азонов истифодаи нодурустии равғанро дар нуқтаҳои хизматрасонии тезтайёр мушоҳида намуда, дар ин замина ба радиои “Тоҷикистон” гуфт, ки “ҳангоми гузаштан аз назди ин нуқтаҳо буйи ғализи равган ба димоғ мерасад, мувофиқи илми тиб набояд равғанро аз ду маротиба беш истифода кард”. Профессор Ҷаҳон Азонов дар идома суҳбаташ гуфт: “ғизоҳои ду-се руза ва равғане ки чанд маротиба истифода гардидааст, набояд истеъмол кард, зеро истеъмолкунанда метавонад ба бемориҳои саратон ва узвҳои ҳозима гирифтор шавад”.

Зимни пайгирии ин масъала ва мушоҳидаҳо ба мо маълум гардид, ки бархе нуқтаҳои хизматрасонии тезтайёр ҳолатҳои беҳдоштиро риоя намекунанд. Бештари муштариёни ин нуқтаҳои ғизоӣ донишҷуён буда, ба хотири нархҳои арзон аз хурокҳои зудпаз аз ин нуқтаҳо истифода мебаранд.

                                Саидов Шоҳин

 радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *