Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла сафари кории Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва минтақаи Рашт ва дигар матолиби хабариву таҳлилӣ аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 11 сентябр мақолае бо номи “Пешвои миллат ва таҳкими рукнҳои истиқлолият” чоп карда, навишт, ки беш аз се даҳсола мешавад, истиқлолият афкору андешаи миллии моро тақвият мебахшад ва бо шарофати ин неъмат муҳимтарин рукнҳои давлатдории мо торафт қавӣ мегарданд.
Ба гуфтаи муаллиф, дар саҳифаҳои заррини китоби даврони соҳибистиқлолӣ, аллакай, сабт аст, ки Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи манфиатҳои иҷтимоиро муайян карда тавонист ва ин омил сарҷамъиву ваҳдатро ба вуҷуд овард.
Муаллиф дар идома таъкид мекунад, ки бузургтарин хизмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин аст, ки ваҳдату иттиҳоди халқи тоҷикро ба вуҷуд овардаву барқарор кард. Бузургии дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки бо сифати бахшидану сулҳдӯстияшон миллатро аз нав эҳё кардаву дар замиру ботинҳо муҳаббату шафқатро ҷо карда тавонистанд.
Дар идома таъкид мешавад, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдому ташаббусҳои бузург дар минтақаву ҷаҳон хеле бузург аст ва таваҷҷуҳи оламиёнро ба масъалаҳое ҷалб кардаанд, ки аз ҳама ҷиҳат мубраманд. Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли СММ боҷуръатона дар масъалаҳои ҷангу мухолифатҳои бемаънӣ, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар мушкилоту муаммоҳо садо баланд менамояд, ки ин ифтихори миллии мост.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 10 сентябр мақолае бо номи “Истиқлол. Зан ва ҷомеа” нашр карда, зикр намудааст, ки дар Тоҷикистон дар самти таҳкими нақши занону духтарон дар иқтисоди миллӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ тасвиб шудааст.
Дар идома таъкид мешавад, натиҷаи ҳамин ҳимоятҳои давлатӣ ҳаст, ки имрӯзҳо занон ба ҳайси муовини Сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулодда, роҳбарони аввали мақомоти марказӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва муовинони роҳбарони аввали мақомоти ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд.
Дар баробари ин, 48 нафар зан ба ҳайси раиси ҷамоат ва 99 нафар зан ба сифати муовини раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот адои вазифа доранд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳиссаи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 19,2 ва хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон 25,1 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, аз соли 2019 то соли 2023 аз ҳисоби гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 400 нафар занону духтарони кишвар маблағҳои бебозгашт дар ҳаҷми 11 миллион сомонӣ ҷиҳати таъмин намудани 1 ҳазору 761 нафар бону бо ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ ҷудо гардид. Илова бар ин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 намуди фаъолияти хонагӣ аз андоз комилан озод гардид, ки барои густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 6 сентябр мақолае бо номи “Наврӯзи сиёсӣ” чоп кардааст. Муаллиф дар ин мақола менависад, таҷрибаи давлатдории навини тоҷик гувоҳи он аст, ки дар заминаи ҷонфидоӣ, азми қавӣ, нияти нек ва иродаи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатии мо, ки осеби ҷиддӣ дида буд, эҳё гардиду минбаъд такомул ёфт. Аз ин лиҳоз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, сипари боэътимоди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
Дар хулосаи мақола таъкид мешавад, ки истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихор, вале бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзӯву ормон ва манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошта буд. Хушбахтона, дар ин самт комёбем ва ҳамон тавре Пешвои миллат гуфтанд: «Мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифаи таърихӣ сарбаландона баромадем».
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 11 сентябр бо нашри матлабе хабар дод, ки Тоҷикистон аз назари рушди саноат дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст.
Дар ин матлаб зикр мешавад, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар соли гузашта 12%-ро ташкил додааст, ки дар қиёс ба Ӯзбекистон (6%), Қазоқистон (4,3%) ва Қирғизистон (1,8%) ба маротиб зиёд будааст. Гуфта мешавад дар ин бора рӯзномаи “Вечерный Бишкек” мақолаи муфассал нашр кардааст.
Нашрия менависад, ки Тоҷикистон аз рӯи суръати рушди саноат дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф аст.
“Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2024 афзоиши боз ҳам бештар то 21,2% пешбинӣ кардааст”, – менависад “Вечерный Бишкек”. Таъкид мешавад, ки ин пешгӯӣ бо афзоиши шумораи корхонаҳои нав дар Тоҷикситон амалӣ мегардад.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ таъкид кардаанд, ки сохтмони НБО “Роғун”, ки калонтарин неругоҳи барқӣ обӣ дар Осиёи Миёна бо иқтидори 3600 мегаватт аст, иқтисоди Тоҷикистонро дар минтақа ба таври қобили мулоҳиза тағйир хоҳад дод.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ инчунин мақолае бо номи “Аз Пешво ибрат гиред! Чаро ба фарзандонамон номҳои тоҷикӣ намегузорем?” чоп карда, масъалаи номгузорӣ ба фарзандонро дар Тоҷикистон матраҳ кардааст. Муаллиф дар ин матлаб савол гузоштааст, ки агар ном ҳам як ҷузъи фарҳанги мо тоҷикон бошад, пас чаро ба фарзандонамон номҳои суннатии худро намегузорем? Ё ба фарзандон гузоштани номҳои то истилои араб доштаамон гуноҳ ҳисобида мешавад?
Дар дар идома муаллиф мепурсад, ки чаро аз номҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома», ки Фирдавсӣ ба онҳо гузоштааст ва дар навбати худ ҳамаи онҳо далеру шуҷоъ, ҳимоятгари марзу буми кишвари худ, гузашта аз ин, худошиносу яздонпараст буданд, истифода набарем?
Муаллиф дар ин замина менависад, ки дар китоби «Феҳристи номҳои тоҷикӣ» аз соли 2016, аз 1362 номи занонаи дар феҳрист зиркшуда, тахминан 463 номи тозаи арабӣ ва қисми зиёди номҳои боқимонда номҳои мураккаби решаи арабӣ дошта мебошанд. Инчнуин аз 3360 номи мардонаи дар феҳрист ҷойдошта, тахминан 543 номи тоҷикӣ дида мешаваду халос.
Дар хулосаи матлаб муаллиф тазаккур додааст, ки дар номгузории фарзандон бояд аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифт, ки ҳамаи фарзандонашон номҳои зебои тоҷикӣ доранд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 12 сентябр бо нашри мақолае масъалаи рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Нашрия ёдовар мешавад, ки ахиран Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди тиҷорати электронӣ барои солҳои 2025 – 2029-ро муаррифӣ кард.
Гуфта мешавад, ки ҳаҷми маблағгузорӣ барои амалисозии марҳилаи аввали ин барнома 305,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо кардани 112,9 миллион сомонӣ, аз ҳисоби шарикон 135,4 миллион сомонӣ ва 57,6 миллион сомонӣ аз бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст. Татбиқи барнома дар се марҳила давраи аввал – солҳои 2025 – 2027, давраи дуюм – 2028 ва давраи сеюм – 2029 ба нақша гирифта шудааст:
Дар давраи аввал таваҷҷӯҳи асосӣ ба ташаккули низоми ягонаи дастгирии тиҷорати электронӣ, таҳлил ва ҷамъоварии маълумот, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд барои татбиқи нақшаи чорабиниҳо равона карда мешавад. Ба ин мақсадҳо 258,7 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад. Дар баробари ин, таҳиякунандагони барномаи мазкур таъкид мекунанд, ки барои рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон инфрасохтори мавҷудаи интернет ба такмил ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”