Қутбия Наимова сӣ сол мешавад, ки идора кардани крани борбардорро ба ӯҳда дорад. “Фаъолияти ман дар “Ширкати алюминийи тоҷик” аз фаррошӣ оғоз шудааст. Музди меҳнатам барои пешбурди зиндагии вазнинам басанда набуд. Аз ин хотир идора кардани кранро омӯхтам”.
Замоне, ки қотилони миллат шавҳарашро куштанд Қутбия 26-сол дошт. Зиндагӣ бори сангинеро болои шонаҳояш гузошта буд. “Мегӯянд, ки марг мушкил, вале зиндагӣ мушкилтар аст. Он айём муборизаи ман барои зинда мондани чор ятимам буд. Ёд дорам, ки барои наволае дари хешу табор ва ҳамсояҳоро мекуфтам. Шиканҷаи додаи хеши наздикамро барои як нон ҳанӯз ҳам эҳсос мекунам. Дидам, ки бо бечоранолӣ аробаи зиндагиам пеш намеравад. Дар тӯю маъракаҳои ҳамдеҳагон дойиразаниву сурудхонӣ мекардам. Шиками серу тани пӯшидаи фарзандонам ба ман рӯҳу тавон мебахшид”.
Овозаи кранчӣ шудани Қутбияи ҷавон дар деҳа шӯру валваларо ба миён овард. Суханҳои носазову ноҷо ва дар бисёр маврид қабеҳро дар ҳаққаш мегуфтанд. “Қотилтарин заҳр ин заҳри забони инсонҳост. Дар чорсӯи зиндагӣ ин заҳрро борҳо чашидаам. Позаҳрашро бошад дар сабру таҳаммул ва меҳнати ҳалол пайдо кардаам. Шукр, ки имрӯз фарзандонам дили шоду хонаи обод доранд”.
Қутбия то ба дастгоҳи қолабрезӣ бурдани 4-5-тонна алюминийи гарм, ки 1200 дараҷаро ташкил медиҳад хешро масъул медонад. “Ман аз баландии 14-метр кранро идора мекунам. Дар поён бошад 150-нафар коргар интизори алюминийи гарманд. Яъне ҷараёни кори онҳо ба маҳорату истеъдоди ман вобаста аст. Албатта, ман ҳуқуқи ба хатогӣ роҳ доданро надорам. Зеро як лаҳзае беэҳтиётиам метавонад ба саломатии нафаре зиён орад. Тарсам фақат аз ҳамин аст, ки он ҳам баробари анҷоми бомуваффақияти кор вуҷудамро тарк месозад”.
Ҳунарҳои мардумӣ дар зиндагии Қутбия фазилати худро доранд. Барои наварӯсони деҳа бо орзӯҳои нек гулдӯзӣ мекунад. Нонҳои гуногунҳаҷму ҳалвоҳои пухтааш бошад хони тӯйдоронро оро медиҳад. “Ҳунар воситаест, ки одамро тоҷ бар сар мениҳад. Ҳамин ҳунарҳоям ману фарзандонамро аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Ба хотири ширин шудани зиндагии арӯсони деҳа ҳалво мепазам. Гулҳои муҳаббаташонро бошад дар офаридаҳоям тасвир месозам. Дар корхона дар ду баст фаъолият мекунаму сахт монда мешавам. Вале барои рушди ҳунарҳои аҷдодонамон ҳатман вақт меёбам. Ҳунарманд, ки ҳастам ҳама дарҳо ба рӯям боз аст”.
Роҳбарони корхона ба руҳи шикастнопазир, иродаи матин ва эҷози дастони Қутбия эҳтиром мегузоранд. Рафти корашро назора карда ба маҳорату ҷасораташ аҳсан мехонанд.” Шукрона мекунам, ки эҳтироми ҳамкорон насибам гардидааст. Соли равон дар озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал шудам. Миннатдорам, ки заҳматҳоям аз ҷониби ҳукмат қадрдонӣ мегарданд. Ҳунар гиреҳкушои калобаи зиндагии ман аст. Муъҷизаест, ки мани дар чоҳи торики навмедӣ афтидаро берун овард. Обу нон ва иззату обрӯ дод. Кунун ҳар куҷо, ки меравам тарғибаш мекунам. Бо шарофати ҳунар баракат ёфтанамро қисса мекунам. Занону духтарони аз беҳунарӣ роҳгумзадаро барои омӯхтанаш ҳидоят месозам. Хабари худсӯзиву худкушии баъзеи онҳоро шунида дилам реш мешавад. Бисёрашон аз надоштани маълумот ва ҳунаре ба чунин амал даст мезананд. Ҳайфи умри одамиву соатҳои зоеърафта, ки қадрашро намедонем”.
Муҳаббати Қутбия ба замини пурсахо низ беинтиҳост. Меҳнат барояш шарафу комёбӣ ва сарчашмаи бахту зиндагонӣ маҳсуб меёбад. “Вақте, ки самараи меҳнатамро дар корхона ва боғу замин мебинам, эҳтиромам ба хеш дучанд мегардад. Барои бомазза ҷӯшидани дегам ҳама намуди сабзавотро парвариш мекунам. Аз деҳқонони асил шолипарвариро низ омӯхтаам. Бароям додани ҳаққи ҳамсояҳо аз ҳосили гирифтаам дар мадди аввал аст. Аз насиба зиёдатиашро бо нархи арзон ба бозор месупорам. Мо деҳотиён дар қатори меваю сабзавот чаккаро низ барои зимистон захира мекунем, ки ин ҳам ҳунар аст. Мехоҳам, ки духтарон дар зиндагӣ сабур бошанд. Чунки меваи сабр ширину роҳатбахш аст. Соҳибмаълумоту соҳибҳунар шаванд. Зеро касбу ҳунар ин рӯйи сурху сари баланди ҳар як инсон аст”.
Ҷавондухтаронро лозим аст, ки аз таҷрибаи чунин модарони рӯзгордида омӯзанд. Дилпурона дар роҳҳои пур аз шебу фарози зиндагӣ қадамҳои устувор гузоранд. “Қадамҳои инсон вақте устувор мешаванд, ки ба хеш боварӣ дорад. Аз овони наврасӣ орзӯи муаллима шуданро доштам. Набудани шароит дар оила ва гапи мардум нагузошт, ки дастам ба гиребони орзу расад. Сипас рӯ ба омӯхтани ҳунар овардам. Бо мурури замон кулвори зиндагиам пур аз ҳунар гашт. Маҳз ҳунар болонишинам кардааст. Ростӣ, ба ҷавонони даврони Истиқлол ҳавасам меояд. Сари ҳар қадам мактабу китобхонаҳои замонавии барҳаво, курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ муҳайёчт. Ҷавонон ҳатто имкон доранд, ки аз шабакаҳои интернетӣ ҳунарҳои гуногунро аз худ намоянд. Бисёр мехоҳам, ки ҷавонони саодатманди мо бо меҳнати ҳалол пайдо намудани рӯзии хешро ёд гиранд. Муҳимтар аз ҳама фаромӯш насозанд, ки ширинтарин нон, ин нони меҳнатӣ маҳсуб меёбад”.
Холбегим Давлатова,
радиои “Тоҷикистон”