Дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2023, №729 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024” ва ҷиҳати иҷрои банди 9 нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 июли соли 2021, №434 тасдиқ гардидааст, Раёсати кор бо занон ва оила ҷиҳати ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону ҷавондухтарон ва фароҳам овардани шароити муносиби иҷтимоӣ барои оилаҳои осебпазир дар КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе” курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро зери унвони “Бонуи ҳунар” барои 50 нафар ҷавондухтарону занон аз оилаҳои ниёзманд оғоз намуд, ки ба касбомӯзон муддати як моҳ аз ҷониби ҳунурмандони чирадаст ҳунарҳои дӯзандагӣ ва қаннодӣ омӯзонида шуда, баъди хатми курси мазкур ба онҳо шаҳодатномаҳои касбӣ супорида мешавад.
Ҳадафи асосии курсҳои омӯзишӣ соҳибкасб гардонидани занону духтарони хонашин, эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои нави корӣ, алалхусус, барои бонувону ҷавондухтарон мебошад.
М. Пардаев
радиои “Тоҷикистон”