Шаби гузашта дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии рафиқонаи пеш аз оғози Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал бо қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон тими миллии футзали Испания вохӯрӣ анҷом дод. Ин рақобат дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе доир гардида, бо ҳисоби бузурги 2 бар 9 ба фоидаи испаниҳо ба охир расид.
Дар ин рақобат дарвозабони асосии мунтахаби Футзали Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродов, ки дар бозиҳои дӯстона муқобили Қазоқистон бинобар сабаби ҷароҳат доштан иштирок надошт, аз дақиқаҳои аввал ба майдон баромад.
Ҳамакнун тими миллии футзали кишвар санаи 8-уми сентябр бо дастаи футзали Нидерландия бозии дӯстона нишон медиҳад. Ин рақобат соати 20:00 бо вақти Душанбе, дар “Кохи Олимп”-и шаҳри Душанбе доир мегардад, чипта барои тамошои бозӣ 100 сомон муқаррар шудааст.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”