Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла таҷлили Рӯзи Дониш бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 4 сентябр мусоҳиба бо Абдуалим Норасов, сардори шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими ҳукумати шаҳри Душанберо пешкаши хонандагони рӯзнома кардааст. Муаллиф дар мусоҳиба бо Абдуалим Норасов масъалаи таассубу хурофотпарастӣ ва пайомадҳои ногувори онро матраҳ мекунад.
Ба гуфтаи мусоҳиб, хурофот офати зеҳну заковат, пажмурдагии ақл, афкору андешаҳои ботил, эътиқоду боварҳои пучу бемаънӣ, бозиҳои зеҳнӣ ва забонӣ, васвасаҳои воҳиманок, фасоди маънавӣ, тақлиди кӯр-кӯрона ва як навъи бемории ақлӣ буда, ба ақлу мантиқ, илму дониш, дину мазҳаб ва воқеият созгор намебошад, балки ба ҳамаи инҳо душманӣ дорад ва инсонро ба бехирадӣ ва гумроҳӣ мекашонад.
Дар идома ҳамсӯҳбати нашрия таъкид мекунад, замоне ки хурофот ҷойи дину эътиқод ва эҳсосот ҷойи ақлу хирадро мегирад, монеаи ҷиддие дар роҳи рушди инсон ва ҷомеа эҷод менамояд ва ягона роҳи аз байн бурдани хурофот ин эътиқоду боварҳои солим, илму дониши созанда ва истифодаи хиради азалӣ мебошад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумора рӯзи 3 сентябр мақолае дар бораи вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим чоп кардааст. Дар ин матлаб зикр мешавад, ки дар Тоҷикистон беш аз 12,5 ҳазор пиряхи хӯрду бузург мавҷуд аст. Аз ҷумла, пиряхҳо, ки масоҳати 8,5 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳанд, махзани асосии обҳои ширину захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон мебошанд. Қисми зиёди пиряхҳои Тоҷикистон дар Помир ва боқимонда дар қаторкӯҳҳои Туркистону Ҳисор ва Зарафшон ҷойгиранд.
Ба таъкиди муаллиф омӯзиши пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон қариб 150 сол боз давом дошта, маълум шудааст, ки пиряхҳои кӯҳистони Зарафшон нисбат ба пиряхҳои кӯҳистони Помир бо суръати тез таназзул меёбанд, ки ин раванд ба якчанд омилҳо вобаста мебошад. Аз ҷумла, пиряхҳои ин минтақа аз хатти фирнавӣ паст ҷойгир буда, ҷараёни обшавӣ нисбати ғизогириашон бештар буда, боиси коҳишёбии масоҳат ва ғафсии пиряхҳо мегардад. Таъкид мешавад, ки коҳишёбӣ ва обшавии тези пиряхҳо боиси камшавии захираҳои обҳои ширини минтақа ва, умуман, сайёра мегардад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 4 сентябр мақолае бо номи “Истиқлоли давлатӣ номаи тақдир, ки миллат бо дасти хеш навишт” чоп кардааст. Ба навиштаи муаллиф, истиқлоли сиёсӣ саргаҳи як таҳаввули бузурге барои халқи тоҷик буд ва давлати навине бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.
Муаллиф дар идома зикр мекунад, ки ба туфайли сиёсати созандаю муваффақи хориҷӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи беш аз 160 давлати дунё расман эътироф гардида, бо 130 кишвари олам робитаҳои дипломатӣ барқарор шудаанд.
Дар хулосаи мақола таъкид мешавад, дастовардҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидем, арзиши ҳазорсолаҳоро доранд ва муҳимтар аз ҳама, пояҳои давлатдории миллӣ устувор ва давлат ба ҳайси як ниҳоди муҳими идораи иҷтимоӣ мустаҳкам гардид. “Ҳамаи ин дастовардҳо самараи истиқлоли давлатист, ки он бароямон тамоми заминаҳои рушдро фароҳам оварда, имкон дод, то сарнавишти давлатдориамонро ба дасти худ муайян созем”, – мегӯяд дар хулоса муаллифи мақола.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 2 сентябр хабар дод, ки дар Рӯзи Дониш мактаби рақами 25-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор ба номи рӯзноманигори маъруфи тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шодравон Акбаралӣ Сатторов номгузорӣ шуд.
Дар маросими номгузорӣ, зикр гардид, ки Акбаралӣ Сатторов, барҳақ, яке аз бунёдгузорони матбуоти хусусии даврони навини Тоҷикистон ба шумор меравад. Таъкид шуд, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҳангоме ки дар кишвар вазъият ногувор буд, Акбаралӣ Сатторов бо таъсиси рӯзномаҳои «Дайджест-пресс», «Чархи гардун», «Авиценна» ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ халои иттилоотиро пур кард ва мардумро дубора ба рӯзномахонӣ ҷалб намуд.
Дар ин маросим таъкид шуд, ки Акбаралӣ Сатторов аввалин раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишварамон сарварии созмони рӯзноманигоронро ба зимма гирифта, журналистони тоҷикро гирди ҳам овард ва рисолати ба зиммаи роҳбари созмони ҷамъиятӣ гузошташударо сарбаландона иҷро кард.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 4 сентябр бо нашри матлабе савол гузоштааст, ки маблағи хизмати пулакӣ ба куҷо меравад? Ба навиштаи муаллиф, аз 1 октябри соли ҷорӣ маъракаи тирамоҳии даъвати ҳарбӣ оғоз мешавад ва дар Тоҷикистон тибқи қонун хизмати алтернативӣ низ иҷозат дода шудааст. Дар ҳоли ҳозир қимати хизмати пулакӣ баробар ба 54 ҳазор сомонӣ аст, ки дар баробари он боз як моҳ тамрини ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.
Нашрия бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон навиштааст, ки аз соли 2021 то 2023 аз ҳисоби хизмати пулакии 4150 нафар ҷавонон 113.3 млн сомонӣ ба ҳисоби ин вазорат дохил шудааст. Нашрия дар идома менависад, ки аз ҳисоби маблағи хизмати пулакии ҷавонон Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 21 фурӯдгоҳи маҳалиро, ки дар ихтиёри ин ниҳод қарор гирифт, таҷдиду бозсозӣ хоҳад кард.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ инчунин дар матлабе аз болоравии нархи гӯшт дар бозорҳои кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф менависад, ки дар моҳи охир нархи 1 кг гӯшт аз 70-80 сомонӣ то ба 90-100 сомонӣ якбора боло рафт. Ба гуфтаи масъулин сабаби афзоиши нархи гӯшт дар кишвар афзоиши талабот ба ин маҳслуот аст.
Дар ҳамин ҳол тибқи омори расмӣ, дар нимсоли аввали соли ҷорӣ дар кишвар бо вазни зинда 127 ҳазор тонна гӯшти гову гӯсфанд истеҳсол шуд, ки нисабти соли гузашта 14,6 дарсад зиёд аст. Аз сӯи дигар воридоти гӯшт ба кишвар аз хориҷа сол ба сол кам мешавад. Агар дар соли 2014 ба Тоҷикистон 10,8 ҳазор тонна гӯшт ворид шуда бошад, ин рақам дар соли 2023 то ба 2,8 ҳазор тонна коҳиш ёфт.
Дар баробари ин дар матлаб гуфта мешавад, ки барои афзоиши саршумори чорво дар кишвар, барқарор кардани чарогоҳҳо зарур аст, зеро тибқи таҳлилҳо 40 дарсади майдонҳои замини чарогоҳ дар Тоҷикистон бо сабаби истифодаи нодуруст дар ҳолати нобудшавӣ қарор доранд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 5 сентябр бо нашри матлабе аз гаронии интернет дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа нигаронӣ мекунад. Ба навиштаи нашрия, тибқи раддабандии арзиши интернет барои соли 2024, ки аз сӯи Global Relocate (Глобал Рилокейт) омода шудааст, Тоҷикистон бо арзиши миёнаи 1,65 доллар барои 1 гигабайт интернет дар 238 кишвари ҷаҳон дар ҷои 142-юм қарор дорад.
Дар ин замина гуфта мешавад, ки барои муқоиса дар Қирғизистон 1 гигабайт интерент ба ҳисоби миёна 0,17 доллар (ҷойи 8-ум дар ҷаҳон), дар Узбекистон – 0,30 доллар (ҷойи 22-юм) ва дар Қазоқистон – 0,41 доллар (ҷойи 35-ум) арзиш дорад. Яъне қимтаи интернет дар Тоҷикистон назар ба Қирғизистон қариб 9,5 баробар, назар ба Узбекистон 5,5 баробар ва назар ба Қазоқистон 4 баробар қиматтар аст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”