Рӯзи 3 сентябри соли 2024 наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ҳангоми гаштугузори хидматӣ соҳили дарёи Сир дар қаламрави шаҳри Хуҷанд баногаҳ мушоҳида карданд, ки як мард дар об ғарқ мешавад.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имдодгарон бо дастури фармони сарвари даста дар дақиқаҳои башумор ва хеле зуд худро ба ҷойи ҳодиса расонданд ва мардро наҷот доданд.
Маълум гардидааст, ки ӯ 20 сол дошта, аслан сокини деҳаи Боғчаи шаҳри Панҷакент будааст. Гуфта мешавад, ин ӯ ҷойе ба шиноварӣ машғул шудааст, ки оббозӣ дар он мамнуъ аст.
Имдодгарон баъди наҷоти ҷони ҷавон ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонданд.
Кумита бори дигар аз сокинон хоҳиш кардааст, ки қоидаҳои бехатариву амниятиро ҷиддан риоя кунанд. Дар ҷойҳое, ки барои оббозӣ мамнуъ эълон шудааст, шиноварӣ накунанд.
Оббозӣ дар ҳоли мастӣ, танҳоӣ, шабона хатарҳои зиёд дорад.
КҲФ хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро танҳо нагузоред!!!