МД “Тоҷикфилм” ба таваҷҷуҳи синамогарон, ширкатҳои филмбардории давлатию хусусӣ ва коргардонҳо мерасонад, ки дар асоси дастуру розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 09.07.2024, №24406 (26.4), бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик, аз 15-ум то 18-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дуюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» зери унвони «Қадршиносии ҳунари асил», дар марҳилаи таърихи нави халқамон, ки аз масъулиятшиносии камназири Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад, ҳамчун ифтихори миллӣ баргузор мегардад.
Ба иттилои МД “Тоҷикфилм” ҳадафи Синамоҷоиза пеш аз ҳама, дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои Тоҷикистони муосир, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо, тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлол, махсусан, рушду шукуфоии босуръати гаҳвораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон шаҳри гулҳо-Душанбе ба ҳисоб меравад.
Дуюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» иборат аз озмуни филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ баргузор карда мешавад.
Дар барномаҳои гуногуни он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки дар давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, ширкат карда метавонанд.
Филмҳо дар формати МР-4 (Н 264), DCP ё бо шакли электронӣ ба забони асл бо зерматнҳои англисӣ ва русӣ дар суроғаи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” 743013, ш.Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ё почтаи элетронии: tajikfilm@gmail.com ; то 20-уми сентябри соли 2024 қабул карда мешаванд.
Барои ҳакамӣ ва муайян намудани беҳтарин филмҳои бахшҳои “Озмунҳои миллии филмҳо” ва тақдими ҷоизаҳо ба онҳо ҳайати ҳакамони миллӣ бо шумули муътабартарин филмсозон, муннақидон, пажуҳишгарони фарҳанги синамоӣ ва намояндагони касбҳои гуногуни синамо даъват мегарданд.
Бишитобед то дар озмуни филмҳои миллӣ иштирок намоед!
Шояд баранда шавед!
Шуморо дар пеш синамои бузург интизор аст!
Барои маълумоти бештар метавонед тавассути телефонҳои 93-848-07-50,
221-71-50 тамос гиред ё сомонаи www.tojikfilm.tj-ро пайгирӣ намоед.