Намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ барои ишғол намудани вазифаи муовини мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) (қароргоҳ дар ш.Остона) пешниҳод гардид.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, аз миёни намояндагони 14 кишвари аъзои ин Созмон бо қарори Кумитаи иҷроияи IOFS Хусрав Нозирӣ ба ҳайси муовини мудири кулли ин Созмон интихоб гардидааст.