Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ҷонибдории ибтикори шашуми Тоҷикистон дар СММ, ниёзи бозори кори дохилӣ ва хориҷӣ ба мутахассисони зеҳни сунъӣ, нархи болои иҷораи манзил дар пойтахт, таъмини амнияти иттилоотӣ ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 26 август хабар дод, ки СММ шашумин ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кард. Муаллиф ёдовар мешавад, ки 13-уми августи соли 2024 дар Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи ҷадиде таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул гардид. Даҳсолаи мазкур, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст.
Бо қабули ин қатънома солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера”, бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ бавижа тавассути баргузории тадқиқоту мониторинги илмии алоқаманд ва инчунин, талошҳои рушди устувор дар доираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли масоили марбут ба коҳишёбӣ пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.
Дар меҳвари ин ташаббус, баланд бардоштани сатҳи амният дар фазои қутбӣ, ба танзим даровардани боркашонӣ тавассути Арктика, рушди туризм дар навоҳии қутбӣ, дастгирии омӯзишу пажӯҳиши пиряхҳо ва қутбҳо, пурзӯр намудани ҳифзи ҳудудҳои муҳофизатшавандаи баҳр, таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ бо иштироки ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ғайра қарор дорад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 27 август бо нашри матлабе масъалаи нафақаи суғуртавиро баррасӣ кардааст. Дилмурод Давлатзода раҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба нашрия гуфт, ки ба ҳолати якуми июли имсол 327318 соҳибкори инфиродӣ ҳамчун андозсупоранда сабт шудааст, аммо дар ин агентӣ ҳамагӣ 273987 соҳибкор қайд гардидааст, ки 53331 соҳибкор кам аст.
Ба гуфтаи Давлатзода, дар ҳоли ҳозир соҳибкорон дар Кумитаи андоз сабти ном гардидаанд, аммо дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа худро қайд намекунанд, ки ин сабаб мегардад, то соҳибкор дар оянда аз гирифтани нафақаи суғуртавӣ маҳрум шавад. Бахусус, ба гуфтаи номбурда, ин мушкилӣ имрӯз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ баръало мушоҳида мешавад.
Дар идома гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон барои гирифтани нафақаи зиёд ягон маҳдудият ҷой надорад. Ҳоло дар низоми таъини нафақа дар Тоҷикистон барномаи электронӣ амал мекунад, ки ба он ному насаб ва рақами мушаххаси суғуртавии шахс ворид мешавад ва ин барнома тамоми давраи фаъолияти корӣ ва музди меҳнати шаҳрвандонро ҳисоб карда, нафақа таъин мекунад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 26 август бо нашри матлабе аз суҳбати гирди дар мавзӯи «Омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба эҳтиёҷот ва талаботи корфармоён» натиҷагирӣ кардааст.
Фарҳод Раҳимӣ раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ин ҳамоиш гуфт, ки дар назди кумита 153 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолият дошта, дар ин муассисаҳо аз рӯи 500 ихтисос мутахассис омода мешавад.
Аз сӯи дигар Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, ки бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар имрӯз бештар ба мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ ниёз доранд. «Ҳоло бисёр ширкатҳо, аз ҷумла «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хеле навсозӣ шудааст. Ширкати мазкур ба 600 нафар кормандони дорои сатҳи баланди касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ эҳтиёҷ дорад. Мутаассифона, мо дар ин самт қадамҳои устувор гузошта натавонистем», — афзуд Шералӣ Кабир.
Рӯзномаи “Садои мардум” инчунин дар шумораи рӯзи 26 август матлабе бо номи “Толеи шӯри сокинони Шӯрхок” чоп кардааст. Муаллиф дар ин матлаб аз он ҳолати ногувори мактаби рақами 36-и деҳаи Шӯрхоки деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, ки бинои асосиаш соли 1929 сохта шуда буд, изҳори нигаронӣ мекунад.
Ба гуфтаи муаллиф ду сол қабл як соҳибкор ваъда мекунад, ки баробари бартарафсозии бинои кӯҳнаи мактаб фавран ба сохтмони бинои нав шурӯъ мекунад. Муаллимони мактаб бо дастгирии сокинони деҳа дар давоми ду рӯз бинои куҳнаро канда, барои бунёди бинои нав таҳкурсӣ омода карданд. Аммо соли дуюм аст, ки мунтазири оғози корҳои сохтмонӣ буда, аз соҳибкор дараке нест ва омӯзгорону хонандагон дар ҳолати ногувор мондаанд.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 26 август ба муносибати 100-солагии рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолае бо номи “Рӯзномаи маҳбуб” чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки Мо рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро бо таърихи садсола, на танҳо яке аз аввалин рӯзномаҳои тоҷикзабон, балки дар таърихи матбуоти даврии Осиёи Марказӣ яке аз аввалин нашрияҳо ва шоистаи ифтихор медонем.
Ба гуфтаи муаллиф, рӯзнома дар давраи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсози миллати тоҷик таъсис ёфта, рисолати таърихиро бар дӯш гирифт ва онро бо сарбаландӣ иҷро намуд. Дар он эҷодкорони асил дар бораи ҳастии миллат, таъриху фарҳанг, забону адабиёти тоҷик ва вазъи иқтисодию иҷтимоии замон мунтазам менавиштанд ва орзую ормонҳои хешро тавассути ин рӯзнома инъикос менамуданд. Аз ин рӯ, рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро метавон ормонномаи миллат номид.
Дар идома таъкид мешавад, ки «Овози тоҷик» дар тӯли фаъолияти садсола на танҳо барои миллати тоҷик ва тарғибу ташвиқи фарҳангу таърихи он, балки барои густариши дӯстию бародарии мардумони Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикону ӯзбекон, саҳми беандоза гузоштааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 28 август мақолае бо номи “Хобгоҳ ё иҷора? Ташвиши донишҷӯён дар соли нави таҳсил” нашр карда, масъалаи бо ҷойи зист таъмин намудани донишҷӯён аз манотиқи дурдасти кишварро дар шаҳри Душанбе матраҳ кардааст.
Зиёвиддин, донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии забонҳо ба нашрия гуфтааст: “Соли гузашта дар сеҳуҷрагӣ иҷора меистодем, ки аввали сол нархи он 2000 сомонӣ буд. Соҳибхона баъди моҳи январ онро 2500 сомонӣ кард. 5 нафар 500-сомонигӣ ҷамъ карда медодем. Вале ҳозир сехонагиҳоро 3 ҳазор боло мегӯянд. Ҳоло ба 2 – 2,5 ҳазор сомонӣ духонагӣ кофта истодаем”.
Чанд нафар донишҷӯён зимни сӯҳбат бо муаллифи матлаб гуфтаанд, ки нархи иҷора дар пойтахт соли равон ба таври бесобиқа боло рафтааст.
Ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” дар шумораи рӯзи 28 август мақолае бо номи “Ташаккули амнияти иттилоотии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлоли давлатӣ” чоп кардааст.
Муаллиф бо назардошти таҳдиду чолишҳое, ки аз фазои маҷозӣ манша мегирад чанд пешниҳодро матраҳ кардааст. Аз ҷумла ба гуфтаи муаллиф барои пешгирӣ аз ин таҳдидот баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва табодули таҷриба дар ин замина бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Ҳиндустон ва Русия зарур аст. Дар баробари ин муаллиф мегӯяд, ки яке аз роҳҳои дигари пешгирӣ аз таҳдидоти фазои маҷозӣ, таъсису роҳандозии филтери иттилоотӣ аст, ки аз тариқи он дастрасӣ ба муҳтавои зараровар маҳдуд карда мешавад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”